Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУЛТОНОВА Тоҷӣ

unknown-person-woman

СУЛТОНОВА Тоҷӣ (таваллуд 20. 1918, Хуҷанд), актрисаи советии тоҷик. Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1943). Солҳои 1929—33 дарОмӯзишгоҳи фабрикию заводии назди Комбинати абрешими Хуҷанд таҳсил намуда, баробари он ҳамчун пиллакаш кор кардааст ва дар маҳфили ҳаваскорони санъати назди комбинат иштирок намудааст. Соли 1934 ба Театри драмаи мусиқии ба номи …

Муфассал »

СУЛТОНОВ Раҳматбой

unknown_person-11

СУЛТОНОВ Раҳматбой (1892, деҳаи Ёваи ҳозира раёни Хуҷанд—7. 8. 1979, деҳаи Ғозиёни раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Солҳои 1931—37 колхозчӣ, 1937—46 сардори звено, 1946—70 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1970—75 колхозчии колхози ба номи Сталин (ҳозира колхози ба номи Фрунзе)-и раёни Хуҷанд. Бригадаи Султонов солҳои 1947— 48 ҳосили …

Муфассал »

СУЛТОНОВ Муқим

unknown-person1

СУЛТОНОВ Муқим (1894, ш. Каркии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Туркманистон—1975. Душанбе), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистан. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1932. Солҳои 1921—24дар қисми разведкаи корпуси 13-уми Армияи Сурх (дар шаҳри Тирмиз) кор мекард. Солҳои 1924 -25 ҷонишини намояндаи шуъбаи …

Муфассал »

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН

unknown-person1

СУЛТОНМУҲАММАДИ ХАНДОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1551, Ҳирот), хаттоти форс- тоҷик (асрҳои 15—16). Бештари умраш дар Ҳирот гузаштааст. Дар хати настаълиқ маҳорати зиёд дошт. Аз намунаи китобати СултонмуҳаммадиXандон ду нусха «Юсуф ва Зулайхо» ва як нусха «Сабҳат-ул-аброр»-и АбдурраҳмониҶомӣ (китобат 1525), як нусга «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (1515), як нусха девони …

Муфассал »

СУЛТОНМУҲАММАДИ УДИИ САМАРҚАНДӢ

unknown_person-11

СУЛТОНМУҲАММАДИ УДИИ САМАРҚАНДИ ҳофиз, мусиқишинос, оҳангсоз ва навозандаи (форс-тоҷик (асри 15). Дар Самарқанд ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Удии Смарақандӣ чанд муддат дар ҳузури Абдурраҳмони Ҷомӣ таркиботи назарияи мусиқиро омӯхта, рисолае (то замони мо нарасидааст) ба ӯ бахшидааст. Вай барои уд чанд оҳанг («Пешрави Удӣ», «Кор ба савти Сегоҳ» «Нақши Ироқ», …

Муфассал »