Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУРИЯ

syria

СУРИЯ, Республикаи Араби Сурия давлатест дар Осиёи Ғарбӣ. Аз ғарб бо баҳри Миёназамин иҳота аст. Масоҳаташ 185,2 ҳазор км2. Аҳолиаш 10,9 млн нафар (1984), асосан арабҳо (арабҳои Сурия). Забони расмӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ шаҳри Димишқ. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Шӯрои халқӣ. Сатҳи …

Муфассал »

СУРИНАМ

suriname

СУРИНАМ (surinam), Республикаи Суринам, давлатест дар шимолу шарқи Америкаи Ҷануби. Масоҳаташ 163 ҳазор км2. Аҳолиаш 393 ҳазор нафар. (1983); асосан ҳиндуҳо ва креолҳо. Забони расмӣ — голландӣ. Динашон ҳиндуия, масеҳия, ислом. Пойтахт ва бандари асосиаш Парамарибо. Сардори дасвлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси қонунбарор (Штатҳо). Қисми зиёди мамлакат …

Муфассал »

СУРИКОВ Василий Иванович

surikov-v-i

СУРИКОВ Василий Иванович (24. 1. 1848, Красноярск—19. 3. 1916, Москва), рассоми таърихнигори рус. Дар Академияи Рассомии Петербург (1869—75) таҳсил намуд. Узви ҳақиқии Академияи Расомии Петербург (1893). Солҳои таҳсил Суриков ба мавзӯъҳои таърихь муроҷиат намуда, дар мусаввараҳояш ҳақиқати таърихиро тасвир менамуд («Мурофиаи князь», 1974, «Ҳаворӣ Павел догматҳои динро дар ҳузури шоҳ …

Муфассал »

«СУРИ ИСРОФИЛ»

gazetai-pedagogi-javon

«СУРИ ИСРОФИЛ» журнали ҳафтаинаи адабию иҷтимоӣ ва ҳаҷвии эронӣ. Маи 1907— июни 1908 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳарриронаш Мирзо Ҷаҳонгирхони Шерозӣ ва Мирзо Қосимхони Табрезӣ буданд. «Сури Исрофил» соли 1909 дар Швейцария нашр мешуд (4 шумора, муҳаррираш Алиакбари Деҳхудо). Ҳамаги 32 шумораи ин маҷалла ба табъ расид. «Сури Исрофил» дар …

Муфассал »

СУРБ

surb

СУРБ қӯрғошим (лотинӣ Рlumbum), Рh, элементи химиявин гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 82, массаи атомӣ 207,2. Сурб 6—7 ҳазор сол то мелод ба халқҳои Байнаннаҳрайн, Миср ва дигар мамлакатҳо маълум буд. Онҳо Сурбро барои сохтани ҳайкалҳо ва асбобҳои рӯзгор истифода бурдаанд. Сурб 1,610-3–и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. …

Муфассал »