Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУҒД

sughd-province

СУҒД (форс-қадим Суғуд, арабӣ), яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни аҷдоди тоҷикон, воқеъ дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон ваҚашқадарё. Аввалин бор дар Авесто ва катибаҳои мехӣ, баъдтар дар осори муаллифони атиқаю Хитои Қадим ва дар сарчашмаҳои асримиёнагии арабию форсӣ ёдовар шудааст. Асрҳои 6—4 то мелод Суғд дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён якҷоя бо …

Муфассал »

СУҒДИЁН

sughd-province

СУҒДИЁН, яке аз қадимтарин халқҳои эронинажоди Осиёи Миёна буда, байни ҳаpораи 1 то мелод— асрҳои 8—9 мелодӣ дар Суғд, Бухоро, Истаравшан ва баъзе дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна зиқдагонӣ мекардаанд. Суғдиён аз гурӯҳи халқҳои қадими шарқи эронӣ буда, аз аҷдоди асосии тоҷикон ба шумор мераванд. Сайёҳи ЧинСюан-Цзан Суғдиёнро мардуми хеле боғайрат …

Муфассал »

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон

unknown_person-0

СУЮТӢ Ҷалолуддин Абдурраҳмон ибни Камол ибни Абӯбакр ибни Муҳаммад (1445, Қоҳира —1505), забоншинос ва муаррихи араб. Зиёда аз 300 асар навиштааст. Дар асари машҳури ӯ «Ал-Музҳир фӣ улум-ил-луға» (падараш 1865, Миср) асосҳои фалсафӣ ва таркиби луғавии забони арабӣ ва робитаи он бо дигар забонҳои сомӣ мавриди омузиш қарор гирифтаанд. Асарҳои …

Муфассал »

СУЮРҒОЛ

suyurghul

СУЮРҒОЛ (дз муғулӣ—инъом кардан), моли манқул ва ғайри манқуле (об, замин, молу мулк, пул), ки аз тарафи ҳукмроне (подшоҳ, хон султон ва дигар) ба амалдорон ва лашкаркашон бахшида мешуд. Аз асри 13 дар Шарқи Наздик ва Миёна маъмул гардид. Сурюрғоли додашуда аз насл ба насл мерос мегузашт. Соҳиби Сурюрғол аз …

Муфассал »

СУХРАИ ҲАРИЁН

qal-a

СУХРАИ ҲАРИЁН Сухраи Сисимитр, қалъаи кӯҳиест дар Парстакан. Тахмин мекунанд, ки Сухраи Ҳариён дар соҳили дари Вахш, атрофи шаҳри Норак воқеъ буд. Сухраи Ҳариён қалъаи дастнорас ва бо ҷариҳо иҳотагардида тасвир шудааст. Қуллаи сухра ҳамвор ва бо хоки ҳосилхез пӯшида будааст. Аз он ба атроф мурчол (роҳи зеризаминӣ) мерафт. Искандари …

Муфассал »