Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОЛАНГИТ

xolangit

ХОЛАНГИТ (аз юн. chole — талха ва angeion — par) ангиохолит, газаки найчаи талхаронро гӯянд. Беморӣ ҳангоми бозистодани ҷараёни талха инкишоф меёбад. Сабаби асосии Xолангит илтиҳоби музмини талхадон ва минбаъд ба роҳҳои ихроҷи талха паҳн шудани он мебошад. Xолангит шадид ва музмин мешавад. М. Бобохоҷаев.

Муфассал »

ХОКШИР

ХОКШИР (Erysimun), як ҷинси гиёҳҳои як, ду ё бисёрсолаест аз оилаи чилликгулҳо. Баргаш яклухт, гулаш зард, баъзан бунафш ё сафед. Мевааш ғилофаки сертухм. Тухмаш майдаи зарди дорчинӣ (вазни 1000-тоаш 0,25—0,3г). Май-июн гул мекунад. Дар Тоҷикистон Xокшир (11 намуд) асосан дар мавзеъҳои миёнакӯҳ, баъзе намудҳояш (Е. hieracifolium, Е. sisumbrioides, humillimum) дар …

Муфассал »

ХОКӢ

ХОКӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик, Дар охири а. 19- ибт. а. 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Зодгоҳаш деҳаи Кеврони ҳозира райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Xокӣ равшан нест. Аз осори ӯ тақрибан 100 байт ғазал, рубоӣ ва абёти пароканда тавассути баёзҳо (махсусан баёзҳои …

Муфассал »

ХОКШИНОСӢ

xok

ХОКШИНОСӢ, илмест, ки таркиб, хосият, пайдоиш, инкишоф, паҳншавии географии хок ва истифодаи оқилонаи онро меомӯзад. Ба илмҳои табиию таърихӣ мансуб аст. Хокро чун ҷисми табиӣ, воситаи истеҳсолот ва предмети меҳнат меомӯзад (ниг. Хок), Фаслҳои муҳимтарини Xокшиносӣ: генезиси (пайдоиши) хок, геохимия, химияи физикӣ, коллоидӣ ва биологии хок, биология, физика, гидрология ва …

Муфассал »

XОKCOPӢ

xoksor

XОKCOPӢ- тавозӯъ, фурутанӣ, сифати неки ахлоқиро гӯянд, ки муносибати шахсро ба атрофиён ифода мекунад. Худро аз дигарон бартару афзал нашуморидан, ба талаботи ҷамъият тобеъ будан, эҳтиёҷи шахсиро бо шароити ҳаёти моддию маънавӣ мувофиқ намудан, эҳтироми атрофиёнро ба ҷо овардан, ба камбудии ночизи дигарон хурдагирӣ накардан, нисбат ба худ серталаб будан …

Муфассал »