Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил

ХОНЛАРӢ Парвиз Нотил (тав. 1913, Теҳрон), адабиётшиноси эронӣ . Баъди хатми мактаби олӣ  чанде дар мактабҳои миёнаи Рашт ва Теҳрон муаллим буд. Фаъолияти илмию адабии Xонларӣ  серсоҳа буда, масъалаҳои гуногуни шеъри форсӣ -тоҷикӣ , адабиёти муосири форсӣ , забон ва тамаддуни гузаштаи халқҳои эрониро фаро гирифтааст. Дар монография ва мақолаҳои ў …

Муфассал »

ХОНИИ ХЕВА

xonii-xeva-xukand

ХОНИИ ХЕВА, давлати феодалӣ  дар Осиёи Миёна, ки с. 1512 Элбарсхон (ҳукмр. 1511—38), писари Беркасултон аз авлоди Ҷўҷӣ  ташкил карда буд. Ба ин хонӣ  воҳаи қадимии зироаткории Хоразм, заминҳои туркманнишини Манқишлоқ дар маҳалли кўҳҳои Балхаш, Деҳистон ва қисми шимоли Хуросон дохил мешуданд. Аҳолии Xонии Xева. асосан авлодони сокинони қадимаи Хоразм, …

Муфассал »

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ (с. тав. ва ваф. номаълум), ҳофиз, оҳангсоз ва навозандаи форс-тоҷик (а. 15). Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Xонзода  Булбул санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омўхта, баъдтар ба Самарқанду Бухоро омада, бо аҳли мусиқии ин шаҳрҳо ҳамкорӣ  кардааст. Xонзода Булбул дар санъати рақсу ширинкорӣ  низ маҳорати баланд дошта, ашхоси гуногуни давраашро …

Муфассал »

ХОНЕККЁР Эрих

erich_honecker

  ХОНЕККЁР (Honecher) Эрих (тав. 25. 8. 1912, Нёйнкирхен, вил. Саар), ходими ҳаракати коргарйӣ ва комунистии Герма­ния ва байналхалқӣ, ходими давлатӣ ва партиявии РДГ, Қаҳрамони Меҳнат (1972). Аз оилаи ангишткан. Ихтисосаш тунукасоз. Аъзои Партияи Коммунистии Германия (ПКГ) аз с. 1929. Солҳои 1930—31 дар мактаби Интернационали Коммунтстии ҷавонон дар Москва таҳсил …

Муфассал »

ХОНДРОСАРКОМА

xondrosarkoma

ХОНДРОСАРКОМА, омоси хавфноки бофтаи тағоякӣ, як навъи саркома аст. Ба Xондросаркома бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Xондросаркома дар нуги устухони дарози рон, устухонҳои кос, қабурғаҳо ҷой мегирад. Беморӣ якчанд сол давом мекунад. Муолиҷ а: ҷарроҳию истеъмоли доруҳои зиддиомосӣ.

Муфассал »