Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОРМОҲӢ

xormohi

ХОРМОҲӢ (Perea fluviatilis), навъи моҳиест аз оилаи хормоҳиҳо. Дарозиаш то 40—50 см, вазнаш то 2 кг. Дар кўл, дарё, наҳр, обанборҳои шириноби Европа (ғайри нимҷаз. Пиреней, Италия ва шим. Скандинавия), Осиёи Шимолӣ ва шарқи Америкаи Шимолӣ зиндагӣ мекунад. Xормоҳӣ қариб дар ҳамаи обҳои СССР (ғайр аз кўли Балхаш ва шарқтари …

Муфассал »

ХОРМОҲИШАКЛҲО

ХОРМОҲИШАКЛҲО (Perciformes), як қатори моҳиҳои устухондорро гўянд. Пуфаки шиноварии баъзс Xормоҳишаклҳо (хормоҳӣ, судак ва ғ.) ҳанўз пеш аз ҳолати кирминагӣ бо руда пайваст мешавад, баъзеи дигарашон умуман пуфаки шиноварӣ надоранд. Осори Xормоҳишаклҳо аз табошири боло инҷониб маълум аст.

Муфассал »

ХОРИҶИЯ

ХОРИҶИЯ (аз ар. —берун шудан), аввалин фирқаи исломро гуянд, ки дар ҷараёни муборизаи Алӣ ба муқобили Муовия барои хилофат пайдо шуда буд. Дар ибтидо Xориҷия манфиати оммаи васеи халқ, хусусан деҳқононро ифода мекард ва таълимоти нисбатан демократии ҷамоаи исломиро тарғиб менамуд. Фирқаи мазкур баробарии ҳамаи мусулмонон, аз ҷумла аҳолии ғайриарабро …

Муфассал »

ХОРИҚ

xorik

ХОРИҚ, химераҳо дар биология, организмеро гўянд, ки аз ҳуҷайра ё бофтаҳои ирсии гуногун иборат аст. Истилоҳи Хориқро бори нахуст с. 1907 ботаники немис Г. Винклер барои вазъи растаниҳое, ки дар натиҷаи пайвандкунии ангури сагак ва помидор ҳосил шудаанд, истифода намуд. Дар амалияи боғдорӣ бисёр Хориқҳо, ки дар натиҷаи пайвандкунӣ тасодуфан …

Муфассал »

ХОРИҚА

ХОРИҚА (арабаӣ- аз одат берун, ғайриоддӣ), гуфтори ғайриоддӣ ва норавшанест, ки дурустӣ ё нодурустии онро муайян намудан мушкил аст. Xориқа одатан ба афкори умум, ақоиди маъмул ва ҳатто ба ақли солим мувофиқат намекунад. Дар мантиқ муҳокимаеро, ки тавассути он ду хулосаи якдигарро истиснокунанда бармеояд ва исботи ҳар дуи онҳо имконпазир …

Муфассал »