Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОРПӮШТАК

xorpushtak

ХОРПЎШТАК, як навъ ангури маҳаллиест. Токаш муътадил месабзад. Баргаш 3—5 парра; вазни хушааш ба ҳисоби миёна 325 г, донааш калон, сафед, сершира (қандаш 16%), нордон, пусташ нафис (2—3 то тухм дорад). Давраи нашваш (дар шароити Душанбе) 173 рўз. Ох. сент. пурра мепазад. Аз ҳар га то 82 ц ҳосил меғундоранд. …

Муфассал »

ХОРПӮШТ

xorpusht

ХОРПЎШТ, роваро, раавро, рекоша, рекоса (Erinaceidae), як навъ ҷонварони ширмакро гўянд. Бино ба таснифоти зоологӣ Xорпўшт ба оилаи ширхурҳои қатори ҳашаротхурҳо (Insectivora) мансубанд. 20 намуд доранд, ки ба 2 зероила —Xорпўштҳои калламушшакл ва Хорпўштҳои ҳақиқӣ (Erinaccinae) муттаҳид мешаванд. Хорпўштҳои ҳақиқӣ думи кўтоҳ, хор (дар тахтаиушт) ва дар зери пуст мушаки …

Муфассал »

ХОРОШХИН Александр Павлович

ХОРОШХИН Александр Павлович (тав. номаълум — ваф. 1675), муарих-этнограф, тадқиқотчии Осиёи миёна. С. 1865 бо унвони ясавул ба кишв. Туркистон омада, вазифаҳои гуногуни идоракунии ҳарбию халқиро иҷро намуд; иштирокчии юришҳои ҳарбии Бухоро (1869), Хева (1873) ва Хуҷанд (1875). С. 1872 дар ҳайати «Комиссия барои ташкили идоракунии қиғизҳо» ба Қизилқум рафт. …

Муфассал »

«ХОРО»

«ХОРО»  сурудест дар қисми овозии «Шашмақом», ки чун мавзўи аслӣ дар шуъбаи якуми мақоми «Сегоҳ» ҷой гирифта аст. «Xоро» дар ин шуъба бо 5 тарона омада, бо зарби 2/4 иҷро мешавад. Оҳангаш фараҳангез аст. Матни «Xоро» дар «Шашмақом» бар ғазали Имлои Бухороӣ омадааст, ки матлааш ин аст: Бикшой рухи чум …

Муфассал »

ХОРО

xoro

ХОРО, хора, хоросанг, санги хоро, як навъ ҷинси куҳиро гўянд, ки бағоят сахт аст (ниг. низ Гранит).

Муфассал »