Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОҶАИ ҒОР

ХОҶАИ ҒОР, қароргоҳи кушоди палеолитиест, ки дар раёни Баткенти РСС Қирғизистон дар наздикии сарҳади Тоҷикистон, ҷанубтар аз Чоркўҳ воқеъ гаштааст. Қароргоҳро солҳои 1954—55 А. Л. Окладников тадқиқ кардааст. Олотҳои зиёди аз Xоҷаи Ғор бадастомада ба охирҳои давраи палеолит боло тааллуқ доранд. В. А. Ранов.

Муфассал »

ХОҶАИ ЯГОНА

ХОҶАИ ЯГОНА, осори меъмории мансуб ба а. 18, ки дар соҳили рости д. Сир, канори шарқии дашти Қайроқум воқеъ аст. Xоҷаи  Ягона дар солҳои 1954, 1961, 1974 аз тарафи бостоншиносони Тоҷикистон тадқиқ шудааст. Он аз ду бинои ба ҳам зич (бо хишти хом) иборат буда, ороиши меъмориаш хеле содда мебошад. …

Муфассал »

ХОҶАЕВ Файзулло

xojaev-fayzullo

  ХОҶАЕВ Файзулло (1896, Бухоро —1938), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, нахустин раиси Совети Комиссарони Халқи РСС Узбекистон аз оилаи тоҷир. Аъзои КПСС аз с. 1920. Фаъолияти революциониаш дар Бухоро cap шудааст. Аз с. 1913 дар ҳаракати ҷадидҳо ва аз с. 1916 дар ҳаракати ҷавонбухороиён иштирок кард. Баъди Революцияи Октябрь …

Муфассал »

ХОҶАЕВ Сироҷ

ХОҶАЕВ Сироҷ (1901, деҳаи Наскаки Ғapм— июли 1976, pаёни Ленин), пахтакор, Қахрамони Меҳнати Социалистӣ (1949). Солҳои      1941—43 колхозчӣ, 1944 сардори бригадаи обчакорӣ, 1945—1960 сардори звенои пахтакорӣ, 1951— 52 колхозчӣ, 1953 —54 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1955—66 колхозчии колхози «Съезди 22-уми партия»-и раёни Ленин ва аз с. 1967 нафақахўри шахсӣ. Звенон Xоҷаев …

Муфассал »

ХОҶАЕВ Муҳиддин Олимович

xojaev-m-o

ХОҶАЕВ Муҳиддин Олимович (тав. 3. 11. 1938, деҳаи Николо Александровское, pаёни Азгир, кишв. Ставрополь), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи собиқ мударрис. Аъзои КПСС аз с. 1979. УДТ (1961) ва Курси олии сценарии Госкинои СССР-ро (1964) хатм кардааст. Мудири шуъбаи наср (1962), котиби масъули ж. «Садои Шарқ» (1966—68), муҳаррири калони дубляж …

Муфассал »