Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХРОМАТҲО

xromatho

ХРОМАТҲО намакҳои кислотаи хромат ва изополихроматро гўянд. Xроматҳо танҳо дар муҳити ишқорӣ устуворанд; ҳангоми туршонидан ба дихроматҳо мубаддал мешаванд. Хроматҳои калий ва натрий бештар маъмуланд.

Муфассал »

ХРОМАТОГРАФИЯ

xromatografy

ХРОМАТОГРАФИЯ (аз юн. chroma — ранг ва …графин), як усули физикию химиявии тақсим ва таҳлили омехтаҳоро гўянд. Xроматография ба тақсим шудани компонентҳои омехтаҳо дар байни ду фаза — беҳаракат ва ҳаракатнок (элюент) асос ёфтааст. Xроматографияи адсорбсионӣ, абсорбсионӣ, мубодилаи ионӣ, эксклюзиони ва ғ. мешавад. Xроматография дар лаборатория ва саноат барои таҳлили …

Муфассал »

ХРОМ

chromium

ХРОМ (лот. Chromium) Cr, элементи химиявии гурўҳи VI системаи даврии Д. И. Менделеев; рақами ат. 24., массаи ат. 51,996; металли осмонранг. Хромро С. 1797 химики франсавӣ Л. Н. Воклен аз минерали крокоит (РЬ Сг О4) кашф кардааст. Xром 8,3 10-3-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Xром металли устувор, вазнин ва …

Муфассал »

ХРИЗОКОЛЛА

hrizokolla

ХРИЗОКОЛЛА (аз юн. chrysos — тилло ва kolla — елим, ширеш), минералест аз синфи ейликатҳо. Рангаш осмонӣ, нилгун, сабз» кабудтоб ва баъзан сиёҳ, сахтиаш 2—4, зичиаш 2—2,3 г/см3. Xризоколла минерали маъмули минтақаи оксидшавии конҳои мис буда, ба таркиби маъданҳои мис дохил мешавад.

Муфассал »

ХРИЗОБЕРИЛЛ

chrysoberyl

ХРИЗОБЕРИЛЛ (аз юн. chrysos— тилло ва берилл), минералест аз зерсинфи оксидҳои            мураккаб. Ве АL 2 О4; ба сифати омехтаҳо 3,5—6% Fe 1 Оз то 3% TI O2 ва то 0,4 % Cr Оз дорад. Xризоберилл зард, сабз, қаҳваранг, сурх ва баъзан шаффофи беранг мешавад. Сахтиаш 8,5, зичиаш 3,8 г/см3. Навъҳои …

Муфассал »