Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХУЛАНҶОН

xulangon

ХУЛАНҶОН, хулингон, хавланҷои, ховлаиҷон, хусравдор, хусравдору, хисавдору (Alpinia galanga, A. officinarum), гиёҳи бисёрсола (аз оилаи занҷабилҳо) ва доруест, ки аз он тайёр мекунанд. Xулаҷон решапояи ғафсу сергушти хушбўй ва тунд дорад. Бехи хушки онро дар саноати хурокворӣ чун хушбўй истифода мебаранд. Мевааш хушбўст, онро чун ҳил истеъмол мекунанд. Аз гул …

Муфассал »

ХУЛАНГ

xulang

ХУЛАНГ (Vaccinium vitis-idaea) як навь буттаи ҳамешасабзи хурдест аз оилаи хулангиҳо (Vaccinia-сеае). Баландиаш аз 2 то 30 см, баргаш думчакўтоҳи чарммонанд (дарозиаш 0,5—2,5 см), гулаш зангулашакли гулобӣ, сершаҳд (охири май-июн мешукуфад), хушагулаш 2— 8 гула. Мевааш мудаввар, сурхранг. Асосан дар бешазори дарахтони сўзанбаргу омехтаи Европаи Шимолию Марказӣ, Осиё. Америкаи Шимолӣ …

Муфассал »

ХУКПАРВАРӢ

xuk

ХУКПАРВАРӢ, як соҳаи чорводорӣ; парвариши хук барои истеҳсоли гушт, равған, пуст ва ғ. Xукпарварӣ бештар аз 20%-и маҳсулоти умумии чорводорӣ ва 10%-и маҳсулоти хоҷагии қишолқро медиҳад. С. 1979 дар СССР 73,5 млн хук буд ва 5,3 млн т гушт гирифтанд.

Муфассал »

Вилояти ХУЗИСТОН

xuziston

ХУЗИСТОН, Хузистон, вилоятест (остонест) дар ҷан. ғарби Эрон. Аз ҷануб онро хал. Форс иҳота кардааст. Масоҳ. қариб 64,6 ҳаз. км2. Аҳолиаш 2 млн наф. (1975). Маркази маъмуриаш ш. Ахвоз. Xузистон ноҳияи асосии истихроҷи нефти Эрон, маркази истеҳсол ва коркарди маҳсулоти нефт ва экспорти он мебошад. Дар ҳазораҳои 3—2 то м. …

Муфассал »

ХУК

xuk

ХУК, як навъ ҳайвони хонагии ҷуфтсумест аз ҷинси гуро (Sus). Хуки хонагӣ аз хукҳои ваҳшии европоӣ ва осиёӣ пайдо шудааст. Аз ин рў Xук ба 2 гуруҳ — зотҳои европоӣ ва осиёӣ тақсим мешавад. Зотҳои дҳозираи Xук аз гуруҳҳои номбурда ба вуҷуд омадаанд. Хукро дар давраи неолит (ҳазораҳои 5—3 том.) …

Муфассал »