Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХУТАН

ХУТАН, яке аз қадимтарин шаҳр ва вилоятҳои таърихию мадание, ки дар Туркистони Шарқӣ воқеъ буд. Дар аҳди қадим дар Xутан сакоиҳо мезистанд. С. 39 то м. онро Хитой истило кард. Асрҳои 1—2 м. дар байни гуннҳо (хуннҳо) ва хитоиҳо муборизаҳои шадид сурат гирифтанд ва дар натиҷа Xутан аз нав соҳибихтиёр …

Муфассал »

ХУСРАВОНӢ

nota-2

ХУСРАВОНӢ Хусравониёт 1) Силсилаи сурудҳои маросимист, ки Борбади Марвӣ барои Хусрави Парвиз эҷод кардааст. Матни Хусравониро дар аҳди Сосониён аз порчаҳои насрӣ ва назмии «Авесто» («Яштҳо») интихоб намудаанд. 2) Мақом ва оҳангҳои силсилавӣ, ки чандин таронаву оҳангҳоро дар бар могирад. Xусравонӣ барои ба вуҷуд омадани мақом ва мақомхонӣ замина гузошта …

Муфассал »

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо

ХУСРАВӢ Муҳаммадбоқир Мирзо, (1849, Кирмоншоҳ—1919, Теҳрон), шоир ва насрнависи эронӣ. Қасоид ва ғазалиёташ дар маҷмўае с. 1926 дар Теҳрон ба чоп расидаанд. Китоое бо номи «Дебои Хусравӣ» дар бораи 220 наф. шоирони араб ва осори онҳо, инчунин рисолае дар илми арўз ба унвони «Таш-реҳ-ул-илал» навиштааст. Романи «Шамс ва Туғро» (1911) аз …

Муфассал »

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад

ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10) Муаллифи «Маҷмаъулфу-саҳо» ўро Хуросони медонад. Ба қавли Авфӣ ў аз «шуарои оли Сомон» аст. Девонаш то ҳол дастрас нагардидааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Аз қитъаҳои дар «Лубоб-ул-албоб» омадааш бармеояд, ки Xусравонӣ бештар ба масъалаҳои панду …

Муфассал »

ХУСРАВИ II ПАРВИЗ

ХУСРАВИ II ПАРВИЗ (с. тав. номаълум — ваф. 628), подшоҳи Эрон (ҳукмр. 590—628) аз сулолаи Сосониён, писари Ҳурмузди IV. Дар аввали салтанати Xусрави II шўриши Баҳроми Чубина ба вуҷуд омад ва шуришгарон пойтахти Сосониён ш. Тайсафунро ишғол карданд. Xусрави II ба Рум (Византия) гурехт. С. 591 бо мадади ҳарбии Византия …

Муфассал »