Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЦИРКОНИЙ

cirkon

ЦИРКОНИЙ (лот. Zirconium), Zr, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев; рақами ат. 40, массаи ат. 91,22. Номаш аз ми­нераии Циркон гирифта шудааст. Металли сафеди нуқратоб, сахт ва мушкилгудоз; зичиаш 6450 кг/м3, t гуд. 1852°С. Аз ҷиҳати химиявӣ Цирконий устувор аст (дар ҳаво бо пардаи оксидаи ZrOj пӯшида мешавад). Минералҳои …

Муфассал »

ЦИРКОН

cirkon-metall

ЦИРКОН (нем. Zirkon, аз калимаи тоҷикии заргун), минералест аз синфи силикатҳо, ZrSiO. Аксар вақт омехтаи элементҳои нодирзамин — гафний, торий, уран ва ғ. дорад. Зард, сурхи ҷигаритоб, хокистарранг, гулобӣ ва баъзан беранг мешавад. Сахтиаш 7—7,5; зичиаш 3,9—4,7 г/ см3. Хосияти радиоактивӣ дорад. Циркон ҳамчун минерали акцессорӣ ба таркиби бисёр ҷинсҳо …

Муфассал »

СИРК

cirk

ЦИРК (аз лот. circus —доира), 1) як навъ санъатро гӯянд, ки масхарабозӣ, дорбозӣ, чашмбандӣ, шӯъбадабозӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад 2) бинои саҳнадорест, ки он ҷо намоишҳои циркӣ гузаронида мешаванд.

Муфассал »

ЦИОЛКОВСКИЙ Константин Эду­ардович

ciolkovskiy

ЦИОЛКОВСКИЙ Константин Эду­ардович (17. 9. 1857, деҳаи Ижевск, ҳозира вил. Рязань—19. 9. 1935,Ка­луга), олим ва ихтироъкори советӣ дар соҳаи аэро ва ракетодинамика, назариян самолёту дрижаблҳо; асосгузори кайҳоннавардии муосир. Аа бачагиаш қобилияти шунавоиаш қариб пурра гум шудааст ва аз синнн 14-солагӣ худомўзӣ кардааст; с. 1879 барои унвони муаллимӣ ба тариқи экстерн …

Муфассал »

ЦИНКИТ

cinkit

ЦИНКИТ, минералист аз синфи ок­сидҳо, ZnO; одатан омехтаҳои MgO (то 9%), PbO (то 5,3%), FеO (то 1,1%) дорад. Рангаш зарди норинҷӣ ва сурхи тира. Сахтиаш 4,5—5,0-зичиаш қариб 5,7 г/см3. Минерали камёфт. Пайдоишаш контактию нетасоматӣ.

Муфассал »