Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЦИРКОНИЙ

ЦИРКОНИЙ

cirkon

ЦИРКОНИЙ (лот. Zirconium), Zr, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев; рақами ат. 40, массаи ат. 91,22. Номаш аз ми­нераии Циркон гирифта шудааст. Металли сафеди нуқратоб, сахт ва мушкилгудоз; зичиаш 6450 кг/м3, t гуд. 1852°С. Аз ҷиҳати химиявӣ Цирконий устувор аст (дар ҳаво бо пардаи оксидаи ZrOj пӯшида мешавад).

Минералҳои циркон ва бадделейти Цирконий аҳамияти саноатӣ доранд. Хӯлаҳои Цирконий дар энергетикаи ядроӣ чун масолеҳи конструкционӣ истифода мешаванд. Цирконий инчунин ба таркиби хӯлаҳое дохил мешавад, ки аз он асбобу анҷоми ҷарроҳӣ, химиявӣ ва ғ. тайёр мекунанд. Баъзе хӯлаҳои Цирконий фавқунвоқиланд. Борид, нитрид ва карбиди ниҳоят мушкилгудози (Т.гуд. 3530С) Цирконийро чун масолеҳи гармибардори кулолӣ истифода мебаранд

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …