Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЧИНГИЛ

chingul

ЧИНГИЛ. чемиш (Halimoden-гоп halodenaron), як навъ буттаи серхорест аз оилаи лӯбиёиҳо. То 2,5 м қад мекашад. Баргаш пармонанд (аз 1—3 ё 5 ҷуфт баргча иборат аст). Гулаш парвонашакл, гулобӣ ва баъдтар бунафштоб мешавад. Ғилофакаш пуфакчашакли 2—3 тухма (донаш гурдашакл). Чингили худрӯй аз тухм зиёд мешавад. Ниҳолаш суст месабзад. Дар Тоҷикистон …

Муфассал »

АБУЛВАФОИ БУЗҶОНӢ

АБУЛВАФОИ БУЗҶОНӢ Муҳам­мад ибни Муҳаммад ибни Яҳё ибни Исмоил ибни Аббос (1. 6. 940, Бузҷони Хуросон – 1. 7. 998, Бағдод), риёзидон, муҳандис ва ҳайатшиноси маъруфи форсу тоҷик. Абулвафои Бузҷонӣ яке аз шахсиятҳои машҳур дар илмҳои хандаса, ҳайат, риёзиёт маҳсуб ёфта, ба натиҷаҳое расидааст, ки пеш аз ӯ касе бар …

Муфассал »

АБУЛБАШАР

АБУЛБАШАР, Булбашар, дар асотири мусулмонон нахустин одам, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор меравад. Муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқоҳири Бағдодӣ силсилаи тамоми пайғамбаронро аз 313 нафар иборат медонад, ки аввалини онҳо Абулбашар ва охиринашон Муҳаммад (с) аст. «Инсони қадим»-и Монӣ, «Ода­ми кадмун»-и яҳудиён, «Ахнух»-и иброниён ва «Мардук»-и бобулиён низ Абулбашарро …

Муфассал »

Абулбаракоти Бағдодӣ

АБУЛБАРАКОТИ БАҒДОДӢ Ҳуббатулло ибни Алӣ ибни Мулко (соли таваллуд  номаълум – вафот 1132, Балх), файласуф ва табиби машҳури яҳудитабори мусулмон. Дар овони ҷавонӣ аз Мавсил ба Бағдод омада, дар он ҷо монд. Абулбаракоти Бағдодӣ илми тибро дар назди Абулҳасани Саид омӯхт. Баъди касби  маҳорати табибӣ ба хизмати дарбори хулафои Аббосӣ …

Муфассал »

АБУЛБАРАКАТ Муҳаммад Вақоятуллоҳи Бухороӣ

АБУЛБАРАКАТ Муҳаммад Вақоятуллоҳи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот, заргар ва мӯҳркани тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Дар хушнависӣ машҳури замонаш буда, тамоми анвои хати настаъликро хеле зебо менавиштаааст. Аз намунаи хати настаълиқ танҳо «Девони мунтахаб»-и қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (китобаташ 1901) ба мо расида, ки …

Муфассал »