Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШАБУШ

shabushk

ШАБУШ, шабушк, шубуш, (Anoplura ё Siphunculatjfl), як қатори ҳашароти хунмакро гӯянд. Шабуш паразити одам ва ҳайвоноти ширхӯр аст. Пӯстро газида аз бофтаҳои он хун мемакад. Баъди газидани Шабуш ҷои он хориш мекунад. Шабушки модина моеъи часпаки махсус хориҷ мекунад, ки бо он ришк ба риштаи либос ё мӯй мечаспад. Қариб …

Муфассал »

ШАБОРӮЗ

24

ШАБОРӮЗ, шабонарӯз воҳиди вақтро гӯянд, ки ба 24 соат баробар аст. Шаборўз ситорагӣ ва офтобӣ мешавад. Шаборўзи ситорагӣ ба даври гардиши Замин ба гирди меҳвари худаш нисбат ба ситораҳо ва Шаборўзи офтобӣ ба даври гардиши Замин нисбат ба Офтоб баробар аст. 24 с. вақти миёнаи офтобӣ ба 24 с. 3 …

Муфассал »

ШАБОВЕЗ

shabovez

ШАБОВЕЗ, -чок, чокак, чӯк, мурғи шабовез, мурғи ҳақгӯй, мурғест, ки гӯё тамоми шаб ба як по истода фарёд мекашидааст. То чакраи хун аз гулӯяш начакад, хомӯш намешудааст.

Муфассал »

ШАБНАМ

shabnam

ШАБНАМ, рутубате, ки шабона ё саҳар ба рўи сабзаҳо, гиёҳҳо, гулҳо ва ғ. мерезад. Дар ҳавои софу бешамол, ки нурафшоии замин зиёд аст, бештар ба вуҷуд меояд. Шабнамро шудринг низ мегӯянд.

Муфассал »

ШАБКУРӢ

shabkuri

ШАБКУРӢ, ашо, гемералопия (аз юн. hemera — рӯз, alaos — кӯр, кӯркунанда ва ops — чашм), ихтилоли қобилияти босираи инсонро гӯянд, ки дар натиҷаи он дар нимторикӣ ва шаб чизеро дида наметавонад. Сабабаш нарасидани витаминҳои А ва В3 (рибофлавин) дар организм мебошад.

Муфассал »