Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШАКАРХОНУМ

ШАКАРХОНУМ      (номи пуррааш Шакархонум бинти Зиёмуҳаммад; с. тав. ва ваф. номаълум), мутриба ва ракқосаи тоҷик (а-ҳои 15—16). Дар Бухоро ба дунё омадааст. У аз ҷавонӣ ба созу овоз ва рақс майли зиёд пайдо карда, бештар дар иҷрои таронаҳои ирфонию ахлоқӣ ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусиқии …

Муфассал »

ШАКАРПОРА

xarbuza1

ШАКАРПОРА, як навъ харбузаи маҳаллист. Байзашакли нукборик, дароз (35—45 см), вазнаш 5—7 кг. Пусташ сахти тўр-тўр, нақшҳои зард дорад. Рангаш сабзи баланд, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—9% қанд (7,3% сахароза) дорад. Баъди 76—80 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 220—280 ц ҳосил медиҳад. Дар р-нҳои вил. Ленинобод, минтақаи …

Муфассал »

ШАКАРПАЛАК

xarbuza

ШАКАРПАЛАК, як навъ харбузаи маҳаллист. Хелҳои сафед ва сурх (ниг. расм) дорад. Шаклаш лунда ё дарозруя (25—32 см), вазнаш 2—4 кг. Пусташ суфтаи тўр-тўр, нақшҳои чигарӣ дорад. Рангаш сабз ё зарди сабзтоб, сершира, хуштаъму хушбўй, 8—14% қанд (4—10% сахароза) дорад. Баъди 75—90 рўзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби …

Муфассал »

ШАКАРОБАК

angur1

ШАКАРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш муътадил месабзад. Баргаш миёна, байзашакл, гулаш дуҷинса, хушааш миёна (ба ҳисоби миёна 150 г), донааш лунда, сабзтоб, хеле сершираи ширин (қандаш 19—20%), пусташ ғафс (1—4 то тухм дорад). Даври нашваш то 160 рўз. Нимаи якуми сент. ба пурра пухтан cap мекунад. Камҳосил (60—80 ц/га). …

Муфассал »