Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШКАЛАИ ЦЕЛЬСИЙ

celciy

ШКАЛАИ ЦЕЛЬСИЙ, шкалаи ҳароратиеро гӯянд, ки дар он як дараҷа (1*С) баробар ба 1/100 ҳиссаи ихтилофи ҳарорати ҷушиши об ва яхбандии он дар фишори нормалӣ бошад. Мавсум ба олими швед А. Цельсий, ҳарорат дар Ш. Ц. бо дараҷа (*С) ифода карда мешавад. Обшавии ях О. С, ҳарор. ҷӯшиши об 100*С …

Муфассал »

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР»

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР» [паҳлавӣ—«Гузориш (рисола)-и рафъкунандаи гумонҳо»], яке аз осори адабиёти паҳлавист, ки тақр. с. 850 аз тарафи Мардонфаррухи Ҳурмуздодон ном мубади зардуштия таълиф шудааст. Мавзуи китоб шарҳу тафсири аҳкоми зардуштия, шиносонидани навомӯзон (ҷавонони ҷомеаи зардуштӣ) бо асосҳои зардуштия, дур кардани шакку гумонҳои онҳо ва танқиди динҳои дигар, аз қабили …

Муфассал »

ШКАЛАИ КЕЛЬВИН

hkala-kelvina

ШКАЛАИ КЕЛЬВИН, шкалаи термодинамикии ҳароратро гӯянд. Мавсум ба физики англис У. Томсон (Кельвин), ки бори аввал принципи сохтани чунин шкаларо пешниҳод карда буд.

Муфассал »

ШКАЛАИ ЗИЛЗИЛА

zaminjunbi

ШКАЛАИ ЗИЛЗИЛА, шкалаест, ки ба воситаи он интенсивияти лаппишҳои сатҳи заминро ҳангоми зилзила қайд мекунанд. Дар СССР шкалаи 12-балла (ГОСТ 6249—52) ва MSK-64 истифода мешаванд.

Муфассал »

Шиҳобуддини Миёнколӣ

ШИҲОБӢ (Шиҳобуддини Миёнколӣ (1613, Самарқанд—1673, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Бино ба маълумотл Малеҳои Самарқандӣ Ш. аз шоирони маъруфи замон буда, бештар қасоиди ахлоқӣ сурудааст. Дар қасидаҳояш мансабдорону бузургони давра ба инсофу адолат даъват шудаанд. Ш. инчунин ашъори шоирони гузашта ва муосирашро ба тариқи баёз сабт менамудааст. Адади варақҳои баёзи у …

Муфассал »