ШИҲОБӢ (Шиҳобуддини Миёнколӣ (1613, Самарқанд—1673, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Бино ба маълумотл Малеҳои Самарқандӣ Ш. аз шоирони маъруфи замон буда, бештар қасоиди ахлоқӣ сурудааст. Дар қасидаҳояш мансабдорону бузургони давра ба инсофу адолат даъват шудаанд. Ш. инчунин ашъори шоирони гузашта ва муосирашро ба тариқи баёз сабт менамудааст. Адади варақҳои баёзи у аз ҳазор гузашта ва ҳар варақ бештар аз 100 байтро фаро гирифта будааст. Аз мероси Ш. дар «Музокир-ул-асҳоб» танҳо як ғазал дарҷ шудааст.
С. Саъдиев.