Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШОГИРДОНА

kitob-doska

ШОГИРДОНА, 1) муздест, ки усто ба шогирд барои кори муайяне медод. Ох. а. 19— ибт. а. 20 дар шаҳрҳои Осиёи Миёна Ш. дар дуконҳои ҳунармандӣ ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 5—30 тин буд. 2) Муздест, ки ба музди аслии усто барои хизмати шогирдаш зам кунанд. Н. О. Турсунов.  

Муфассал »

Суруди ШОДБОД

nota-2

ШОДБОД 1) Суруди қадимӣ аз таснифоти Борбади Марвӣ. 2) Аз оҳангҳои силсилаи «Хусравониёт»-и Борбад, ки ба муносибати ҷашни Навруз эҷод кардааст. Ш. дар таркиби «Дувоздаҳмақом» чун як ҷузъи иловагии созӣ дар шуъбаҳои «Наврузи Хоро», «Наврузи Адам» амал менамояд.

Муфассал »

ШОВИНИЗМ

ШОВИНИЗМ [франс. chauvinisme, аз номи Н. Шовин (Chauvin) ном сарбозе, ки сиёсати истилогаронаи Наполеони I-ро сахт тарафдорӣ мекард), шанив ашаддитарини миллатчигиро гуянд. Дар он муқобилгузории манфиатҳои як миллат бо манфиатҳои тамоми миллатҳои дигар мушоҳида мешавад, ки манбаи афрӯхтани хусумату адовати миллӣ мебошад. Дар Британияи Кабир а. 19 Ш. бо номи …

Муфассал »

ШМИДТ Отто Юльевич

shmidt-o-yu

ШМИДТ Отто Юльевич (30. 9. 1891, Могилёв—7. 9. 1966, Москва), олим, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии советӣ, яке аз ташкилотчиёни Роҳи баҳрии шимолӣ, акад. (1935), ноиб-президенти АФ СССР (1939 — 42), акад. АФ РССУ (1934), Қаҳрамони Итти-фоқи Советӣ (1937).    Аъзои КПСС аз с. 1918. Аъзои комиссариатҳои халқӣ оид ба хурокворӣ, молия …

Муфассал »

ШЛЮЗ

shlyuz

ШЛЮЗ (голл. sluis, аз лот. exclu-do — ҷудо мекунам), дар киштигардӣ, иншооти гидротехникиест барои дар оби дарьё ё канал аз як сатҳ ба сатҳи дигар бардоштану фаровардант киштиҳо. Ш.-ро асосан дар каналу дарьёҳо ва бандарҳои баҳрӣ месозанд. Ш. аз камераҳое иборат аст, ки бо донору дарвозаҳои махсус аз ҳамдигар ҷудоанд. …

Муфассал »