Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШОҲИН

tarozu

ШОҲИН як қисми (звенои) дастгоҳи фашангро гӯянд. Деталест, ки ба фашанги дукитфа монанд буда, дар меҳвари сокин нопурра гардиш мекунад. Дар асбобҳо (масс. дар тарозуҳо) ва мошинҳо (мас. Дар механизмҳои кривошину шоҳинӣ истифода мешавад).

Муфассал »

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ

ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ (с.тав. ва вафот номаълум). Шоири форс-тоҷик (ох. а.-нимаи дуюми асри 14). Миллаташ яҳудӣ. Ба қалами Ш.Ш достонҳои «Мусонома» (1327), «Юсуф ва Зулайхо» (соли таълифаш номаълум), «Ардашер ва Эстер» 1332), инчунин ғазалҳо, қасоиду рубоиёт мансубанд. Миқдори ашъораш тақр. 25 ҳаз. байт аст. Ш. Ш. дар маснавиҳо ва ашъори гуногунжанри …

Муфассал »

ШОҲИН

shohin

ШОҲИН (Arcipiter gentilis), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ ба оилаи лочинҳо (Accipitridae) мансуб аст. Дарозиаш 52—70 см, вазнаш 0,55—1,8 кг. Модина аз наринааш калонтар аст. Болҳояш кутоҳу думаш дароз аст. Тахтапушташ кабуд, шикамаш рахҳои кундаланг дорад. Ш. асосан дар зонаи бешазори Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва …

Муфассал »

ШОҲИН Муҳаммад Шамсуддин-махдум

ШОҲИН    Муҳаммад Шамсуддин-махдум (1857, Бухоро —1894, Қаршӣ), шоири маорифпарвари тоҷик. Аҷдодаш аз Кулоб буданд. Ш. дар хурдсолӣ савод бароварда, аз 11—12 солагӣ ба шеъру адаб шавқу майли калон дошта, дар 12—14 солагӣ ҳунари хаттотиро аз худ намуд. Ҳангомн таҳсил дар Мадраса Ш. илова бар улуми динӣ оид ба илмҳои таъриху …

Муфассал »

ШОҲИИ ЮНОНИИ БОХТАР

bactriankingdom

ШОҲИИ ЮНОНИИ БОХТАР, номи давлати ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна, ки дар ибтидо терр. Бохтар, Суғд, Мариғён ва эҳтимол, қисман Чочу Фарғонаро дар бар мегирифт. Ш. Ю. Б. тақр. с. 250 то м. дар натиҷаи таназзули империяи Селевкиён ва аз он ҷудо шудани мулкҳои ҳозираи Осиён Миёна ба вуҷуд омад. Асосгузораш …

Муфассал »