Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ШУОЪАФКАНӢ

shuoafkani

ШУОЪАФКАНӢ, 1) Ш.-и электромагнитӣ, афканишоти мавҷҳо ва майдони электромагнитии тағйирёбандаро гӯянд. Тибқи физикаи классикӣ Ш. дар натиҷаи ҳаракати бошитоби зарраҳои зарядноки электрикӣ (аз ҷумла ҷараёнҳои тағйирёбанда) ба вуҷуд меояд. Дар назарияи квантӣ Ш. ҳамчун тавлиди фотонҳо ҳангоми гузаришҳои атомҳо, молекулаҳо ва дигар системаҳои атомӣ аз ҳолати ангехта ба ҳолати энергияаш …

Муфассал »

ШУТУР

shutur

ШУТУР (Camelua), уштур, сор, ҷинси ҳайвоноти ҷуфтсум аз оилаи шутуриҳо (Camelidae). Ду намуди Ш. маълум аст: Ш.-и яккуҳона ё дромедар (С. dromedarius) — баландиаш то 210 см, рангаш хокистарии сурхтоб ва Ш.-и дукуҳона ё бухтӣ (С. bactrianus) — қадаш андаке пасттар, рангаш бурӣ ашҳаб. Ш.-и ваҳшӣ (танҳдо дукуҳона) дар Осиё …

Муфассал »

ШУОЪАФКАНИИ ЧЕРЕНКОВ — ВАВИЛОВ

shuoafkani

ШУОЪАФКАНИИ ЧЕРЕНКОВ — ВАВИЛОВ, эффекти Черенков — Вавилов. Шуоъафкании зарраи заряднокеро гӯянд, ки ҳангоми дар муҳит бо суръати калонтар аз суръати паҳншавии рӯшноӣ (дар ҳамин муҳит) ҳаракат карданаш ба амал меояд. Бори аввал с. 1934 П. А. Черенков таҳти роҳбарии С. И. Вавилов мушоҳида кардааст.

Муфассал »

ШУНҚОР

shunkor

ШУНҚОР, (Falco gyrfalco), як навъ паррандаи соҳибчанголро гӯянд. Дарозии баданаш 50—60 см; вазнаш то 1,5 (нарина), 2 кг (модина). Болу параш хокистарранг ё сафеди холдор. Ш. дар шим. Европа, Осиё ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудаaст. Дар бешатундра ва шахҳои соҳили баҳрҳо зиндагӣ мекунад. Лонаи диг. паррандагонро (дар дарахтони баланд, шах, …

Муфассал »

ШУМОРА

shumora

ШУМОРА, яке аз ҳиссаҳои нутқ, ки миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода мекунад ва ададҳои муҷаррад (алоҳида, беном, абстракт)-ро номбар менамояд. Mac., 1 китоб, 512 рӯзи меҳнат, ду зарби ду баробари чаҳор, ҳафту ҳашт — понздаҳ ва ғ. Ш.-ҳо калимаҳои мустақилмаъноянд. Вақте ки онҳо бо исмҳо омаданд, миқдори конкретро …

Муфассал »