Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ

АБУСАЛИКИ ГУРГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз аввалин шоирони форс-тоҷик (асри 9). Бино ба маълумоти «Таърихи Систон», ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ дар давраи салтанати Саффориён ҷараён ёфтааст. Аз ашъори Абусалики Гургонӣ ҳамагӣ 10 байт дастрас гардидааст, ки мавзӯашон васфи ёр, панду насиҳат ва мадҳ мебошад. Дар ни …

Муфассал »

ЭВГЛЕНА

evglena

ЭВГЛЕНА (Euglena), як ҷинси микроорганизмҳои якҳуҷайраи қамчинакдорро гуянд; ба шуъбаи обсабзҳои эвгленай мансуб аст. Дарозиаш 0,1 мм; баданаш дукмонанд ё тасмашакл буда, бо нардаи нарм (пелликула) пушида шудааст. Хлоропластҳояш сабз мебошанд. Э. қариб 60 намуд дорад. Баъзе Э. (мас., Е. vLridis)-ҳo қамчинакашонро партофта, мехазанд. Э. лунда шуда, дар рудоб, лойқа …

Муфассал »

АБУСАИДХОН

АБУСАИДХОН (соли тавллуд номаълум – вафот 1533), хони Бухоро (1531 – 33). Аз сулолаи Шайбониён, фарзанди Кӯчкунҷухон. Ҳангоми хони Бухоро буданаш байни аҳли дарбор барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ низоъҳои бисёре pyx дода буданд. Абусаидхон олими машҳури соҳаи тасаввуф ва муриди вазираш Офоқхоҷа буд.

Муфассал »

ЭБОНИТҲО

ebonitho

ЭБОНИТҲО (аз юн. ebenos — дарахти сиёҳ), маҳсули вулканизацияи каучукро бо миқдори зиёди сулфур гуянд. Э. масолеҳи сахт буда, ба таъсири маҳлули кислотаҳо, асосҳо, намакҳо, равғанҳо, чарб устувор аст. Зичиашон 1,15—4,68 г/см3. Э.-ро барои истеҳсоли ҷузъҳои электро-изолиционии асбобҳо, махзанҳои аккумулятор, рупуш кардани зарфҳо ва ғ. истифода мебаранд.

Муфассал »

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ

АБУСАЙИДИ СИҶЗӢ ибни Му­ҳаммад ибни Абдуҷалил (тақрибан 951— 1024), муҳандис ва ҳайатшиноси Сиҷистонӣ. Асарҳои Абусайиди Сиҷзӣ бештар ба шаклсозиҳои геометрӣ, буришҳои махрутӣ (конусӣ), вобастагии гипер­бола ба асимптотаҳояш, трисексияи кунҷ, масъалаҳои нуҷум ва ба сохти афзори мунаҷҷимӣ бахшида шудаанд. Қариб 30 рисолаи Абусайиди Сиҷзӣ  то давраи мо расидааст, ки дар китобхонаҳои …

Муфассал »