ЭВГЛЕНА (Euglena), як ҷинси микроорганизмҳои якҳуҷайраи қамчинакдорро гуянд; ба шуъбаи обсабзҳои эвгленай мансуб аст. Дарозиаш 0,1 мм; баданаш дукмонанд ё тасмашакл буда, бо нардаи нарм (пелликула) пушида шудааст. Хлоропластҳояш сабз мебошанд. Э. қариб 60 намуд дорад. Баъзе Э. (мас., Е. vLridis)-ҳo қамчинакашонро партофта, мехазанд. Э. лунда шуда, дар рудоб, лойқа ва хок беҳаракат зиндагӣ мекунанд. Э.-ро дар таҷрибаҳои лабораторӣ истифода мебаранд. Зоологҳо Э.-ро ба синфи қамчинақдорҳо мансуб медонанд.