Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ЭКСПЕДИЦИЯИ АРХЕОЛОГИЮ ЭТНОГРАФИИ ХОРАЗМ

ЭКСПЕДИЦИЯИ АРХЕОЛОГИЮ ЭТНОГРАФИИ ХОРАЗМ, экспедицияест, ки бо мақсади тадқиқи маданияти археологӣ ва таърихӣ воҳаи Хоразм АФ СССР ташкил карда буд. С. П. Толстов роҳбари Э. буд. Э. аз воҳаи Хоразм ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба монанди димна, қалъа, истеҳком, капал, катибаҳои қадим, сурат, лавозимоти хоҷагӣ, муҳр, ҳайкалчаҳои нуқрагию мисӣ ва ғ. …

Муфассал »

ЭКСКАВАТОР

excavator

ЭКСКАВАТОР (англ, excavator, аа лот. excavo — меканам, мекобам), навъи асосии мошинҳои замиканро гуянд, ки дар сохтмон ва конҳо истифода мешаванд. Вобаста ба қисмати ҳаракаткунанда Э. ҳо тасмачархӣ, чархӣ, қаадамӣ, рельсӣ, шинокунанда, чархию тасмачархӣ ва вобаста ба навъи муҳаррикашон як-муҳаррика, ё бисьёрмуҳаррика мешаванд. Аз рӯи намуди таҷҳиҳзоти кори Э.-и ростабел …

Муфассал »

ЭКОЛОГИЯ

ekologiya

ЭКОЛОГИЯ (аз юн. 6ikos — хона, манзил, ҷой зист ва …логия), соҳаи илмест, ки муносибати организмҳои наботию ҳайвонро байни худ ва бо муҳити сукунат, инчунин муносибати инсонро бо биосфера меомузад. Истилоҳи «Э.»-ро с. 1866 олими немис Э. Геккель пешниҳод кардааст. Популяцияи организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема ва умуман биосфера мавзӯи (объекти) …

Муфассал »

ЭКЗОБИОЛОГИЯ

exobiology

ЭКЗОБИОЛОГИЯ (аз экзо.,, ва биология), як илми амалиеро гуянд, ки масъалаҳои марбут ба имконияти вуҷуд доштани ҳаёт берун аз сайёраи моро меомузад. Моҳиятан ба астробиология монанд аст, вале манбаи амалӣ ва таҷрибавии Э. бештар мебошад. Ниг. Низ. Биологияи кайҳонӣ.

Муфассал »

ЭКЛЕКТИКА

ЭКЛЕКТИКА, (аз юн. eklektikds -интнхобкунанда), эклектизм, эклектицизм, омезиши бенизом ва аксаран зиддиятноки ақида, ғоя ва назарияҳои мухталифро гуянд. Истилоҳи мазкурро Флотамони Искандарӣ (а. 2) пешниҳод кардааст. Манбаи иваз мудани як асоси мантиқӣ бо дигаре мебошад. В. И. Ленин моҳияти ғайриилмии Э.-ро дар «Дафтарҳои фалсафӣ» ном асараш нишон додааст.  

Муфассал »