Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 52)

Маданият ва санъат

СИЁВУШ

СИЁВУШ (доранда, савораи аспи сиёҳ), образи асотирӣ, ки дар ҳаёти маънавии халқҳои эронӣ мақоми баланд дорад. Дар Авесто ба газали «Сйаваршан», манбаъҳои форсии миёна «Сиёвахш» ва сарчашмаҳои дигар (масалан, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) «Сиёвуш» омадааст. Дар ин манбаъҳо гоҳо «Сиёвахш» ҳам гӯфтаанд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ (Берунӣ, Наршахӣ ва дигарон) ва …

Муфассал »

СИДҚИ Аъзам

СИДҚИ Аъзам (тавалудаш 27. 04. 1927,Хуҷанд), нависанда ва драматурги аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1955. Университети Давлатии Тоҷикимтонро хатм кардааст (1953). Ходими адабии якчанд газетаю журналҳо, котиби Правленияи Иттифоқи Нависандагони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, сардори управленияи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистон, директори Театри академии ба номи С. Айнӣ, мухбири …

Муфассал »

СИДҚ

СИДҚ (арабӣ — ростӣ, дурустӣ), сифати ахлоқиеро гӯянд, ки рафтори шахс ва мутобиқати ҳукмро ба воқеа ифода монамояд ва дар фаъолияти фикрии шахси ба дурустии эътиқодаш имони комилдошта зоҳир мешавад. Сидқ ба кизбу дурӯғгӯӣ муқобил гузошта шуда, хусусияти фаъолиятро не, балки мутобиқати онро нисбат ба заминаҳои фикри бавуҷудомада муайян мекунад …

Муфассал »

СИДДИҚӢ Ҷалолуддин

СИДДИҚӢ Ҷалолуддин (таваллудаш 1941, Ҳирот), муаррих, адабиётшинос ва журналисти тоҷики Республикаи Демократии Афғонистон, доктори илмҳои таърих (1979). Аз оилаи рӯзноманигор. Аъзои Партияи Демократии Халқии Афғонистон аз соли 1986. Факултети адабиёти Университети Кобул (1966), факултети улуми инсонии Донишгоҳи Усмонияи Ҳиндустон (1969) ва донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳронро (1975) хатм кард. Аз соли …

Муфассал »

СИДДИҚӢ Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ

СИДДИҚӢ Хоҷа Ҷалолуддини Ҳошимӣ (соли таваллудаш номаълум, Бухоро —вафоташ 1527, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Бо тахаллусҳои Сиддтқӣ ва Ҳошимӣ шеър гуфтааст. Бештар бо Хоҷа Ҳошими шӯҳрат дорад. Дар зодгоҳаш таҳсил ва эҷод кардааст. Тазкиранависон ба эҷодиёти Сиддиқӣ баҳои баланд додаанд. Восифӣ хабор медиҳад, ки хонаи Сиддиқӣ ҷои ҷамъомади аҳли фазлу …

Муфассал »

СИДДИҚӢ Хоҷа Мираки Балхӣ

СИДДИҚӢ Хоҷа Мираки Балхӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Писари шайхулисломи Балх Хоҷа Ҳошимии Сиддқӣ. Дар зодгоҳаш касби камол кардааст. Пас аз марги падар шайхулисломи Балх шуд ва дар 40-солагӣ вафот кард. Сидиқ шоири тавоно ва пурмаҳсул буда, ба қавли тазкиранависон, дар сурудани анвои гуногуни шеър, …

Муфассал »

СИДДИҚИИ ҲУСАЙНИ Низомуддин Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳ

СИДДИҚИИ ҲУСАЙНИ  Низомуддин Аҳмад ибни Муҳаммадсолеҳ (таваллудаш байни сооҳои 1600—1610, деҳаи Баҳлури тобеи Лакҳнав — соли вафоташ. номаълум), адиби форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи марди донишманд. Аҷдоди Сиддиқ аз Ҳирот ба Ҳиндустон рафтаанд. Сиддиқ илмҳои гуногуни замонро аз падараш омӯхта, дар ҷодаи зиндагӣ ва эҷодиёт роҳи ӯро пеш гирифтааст. Аз Сиддиқ …

Муфассал »

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон

СИДДИҚ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон (1833, Кануҷ, Барейли—20. 2. 1890, Бҳӯпол), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар Бҳӯпол зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба забонҳои форсӣ (45 асар), арабӣ (74 асар) ва урду (103 асар) эҷод намудааст. 197 таълифоти Сиддиқ дар матбаҳои Ҳиндустон, Миср ва Туркия ба табъ расидаанд. Тазкираи «Шамъи анҷуман»-и Сиддиқ …

Муфассал »

СЕҲРИ ҲАЛОЛ

СЕҲРИ ҲАЛОЛ (арабӣ сеҳр—афсун, изҳори чизи аҷоибу ғароиб; ҳалол—савоб, раво), санъати бадеии маънавист, ки мувофиқи он калима ва ë ибораи дар байт овардашуда ҳам бо маънии таркиби пешин ва ҳам бо маънии таркиби пасин алоқаманд аст. Масалан: Ҳаст дар ман оташе равшан намедонам, ки чист? Ин қадар донам, ки ҳамчун шамъ мекоҳам …

Муфассал »