Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 51)

Маданият ва санъат

«СИЛСИЛАТ-УС-САЛОТИН»

«СИЛСИЛАТ–УС–САЛОТИН»  асари таърихии Ҳоҷӣ Мирмуҳаммад Салим, ки соли 1730 ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Номи дигараш «Ҷавоҳир –ул – таворих» мебошад. Асар воқеаҳои зиёди дарбор ва кашмакашу ҷанҷолҳои байнихудии хонҳои сулолаи Аштархониён, муносибати ин сулола бо давлатҳои ҳамсоя (махсусан Эрону Ҳиндустон), хонҳои қазоқ ва Хоразм, ҷабру исисмор нисбат ба аҳолии …

Муфассал »

«СИЛСИЛАТ-УЗ-ЗАҲАБ»

  «СИЛСИЛАТ–УЗ–ЗАҲАБ» яке аз достонҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ, ки аз се дафтар ва 6200 байт иборат буда, дар баҳри хафиф эҷод шудааст. Дар дафтари аввали «Силсилат- Уз – Заҳаб» (талифаш байни 1468—72) масъалаҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ — ҷабру ихтиёр қазову қадар, узлату хилват, камолу нуқси одамӣ, адлу дод, хидмат ба …

Муфассал »

СИЛСИЛА

СИЛСИЛА, (арабӣ — занҷир), дар  тасаввуф фирқаеро гӯянд, ки муассиси он аз бузургони тасаввуф буда, роҳи махсуси риёзату муҷоҳидаро асоси тариқати худ қарор додааст. Зимни ташаккул ва инкишофи афкори тасаввуфӣ дар асрҳои миёна фирқаҳои гуногуни тасаввуф пайдо шуданд, ки пешвоёнашон яке аз нуктаҳои асосии мақомот ё аҳвол (баъзе Силсила таваккул, …

Муфассал »

СИЛА

СИЛА, ҳаққи қалами муаллиф, подоше, ки ба муаллифи асарҳои бадеӣ, илмӣ, санъат ва ё ба ворисони ӯ дода мешавад (нигаред Ҳуқуқи муаллифӣ). Дар СССР тартиби додани Сила ва ҳаҷми онро Совети Вазирони СССР ва Совети Вазирони республикаҳои иттифоқӣ муқаррар мекунанд. Масалан, дар қарори Совети Вазирони Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз …

Муфассал »

СИКХҲО

СИКХҲО, пайравони сикхизм. Аксари Сикхҳо дар Панҷоби Ҳиндустон, гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо дар ноҳияҳои дигари Ҳиндустон (асосан дар шаҳрҳои калон) низ зиндагӣ мекунанд. Дар мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, Африка, ҷазираи Фиҷӣ ва ғайра низ Сикхҳо иқомат доранд. Шумораашон тақрибан 10,4 миллион нафар.

Муфассал »

СИКХИЗМ

СИКХИЗМ (аз санскрит сикх-шогирд), мазҳабест дар индуия, ки баъзан ҳамчун дини мустақил амал карда, асосан дар Панҷоб интишоор ёфтааст. Асосгузори он гуру (мураббӣ) Нанак (1469—1539). Сикхизм таълимоти монотеистӣ буда, аз тасаввуф низ истифода бурдааст. Сикхизм яккахудоиро талқин намуда ба тақсимоин кастагӣ муқобил мебарояд, баробарии сикхҳоро дар назди худо эътироф мекунад …

Муфассал »

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ

СИЁҲЧАИ ҲОФИЗ  Ҳофизи Сиёҳча (соли таваллуд ва ваоташ номаълум), ҳофиз, машшоқ ва бастакори асри 15 тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, санъати мусиқиро аз падараш Саиди Ҳофиз омӯхтааст. Cиëҳчаи Ҳофиз дар  машшоқӣ ва сурудани соқиномаю ҷангномаҳо бо бузургтарин ҳофизони давраш Султонмуҳаммади Айшӣ, Ҳофизи Убаҳӣ, Ҳофизи Ҳасаналӣ ва дигарон ҳамсоя будааст. …

Муфассал »

СИЁҚАТУЛАЪДОД

СИЁҚАТУЛАЪДОД (арабӣ — тартиб ва —ададҳо),таъдид ва шумур низ мегӯянд; санъати бадеии маънавӣ; шир як силсила мафҳумҳоро пай дар пай баршумурда ҳар якеро тафсиру эзоҳ мекунад ва ë умуман риояи зикри ададро менамояд. Масалан: Бодо фидои зулфу руху қомату лабаш, Як ҷони ман, ки сӯхтаи ҳар чаҳори ӯст. (Хусрави Деҳлавӣ). …

Муфассал »

«СИЁСАТНОМА»

  «СИЁСАТНОМА»  асари Низомулмулк Хоҷа Қишомуддини Тӯсӣ, ки солҳои 1091—1092 таълиф ёфтааст. Сиëсатнома дар сиёсати давлатдорӣ яке аз нахустин асарҳоест, ки ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст; аз 39 фасли мухтасар иборат буд. Аммо пас аз 13 соли қатли муаллиф бо дасти котибе 11 боби нав ба он илова шуд ва …

Муфассал »

СИËМАК

СИËМАК  яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Каюмарс, падари Ҳушанг. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Сиëмак вориси тахти падар буд, вале ба кинаву адовати девони бадкирдор —пайравони Аҳриман гирифтор шуда, дар ҷанг бо лашкари девон ҳалок гардид. Каюмарсу Ҳушанг ба кинхоҳии Сиёмак азм намуда, лашкар оростанд ва қотили Сиëмакро ба лашкараш несту …

Муфассал »