Маълумоти охирин

СИËМАК

СИËМАК  яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари Каюмарс, падари Ҳушанг. Мувофиқи ривояти Фирдавсӣ Сиëмак вориси тахти падар буд, вале ба кинаву адовати девони бадкирдор —пайравони Аҳриман гирифтор шуда, дар ҷанг бо лашкари девон ҳалок гардид. Каюмарсу Ҳушанг ба кинхоҳии Сиёмак азм намуда, лашкар оростанд ва қотили Сиëмакро ба лашкараш несту нобуд карданд. Номи Сиëмак дар Авесто зимни қиссаи Каюмарс омадааст. Дар адабиёти паҳлавӣ Сиëмак писари Машег ва Машёна (Одаму Ҳаввои эрониёни бостон) мебошад ва аз замони ӯ то Ҳушанг якчанд насли дигаре зиста, дар Эронзамин ҳукмронӣ кардаанд.                                                                                       М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …