Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 31)

Маданият ва санъат

ҒУЛ

ghul

ҒУЛ, махлуқи афсонавиеро гуянд, ки дар нақлу ривоятҳо, афсонаҳои халқӣ, қиссаву достонҳои насри омиёна ва ғ. тасвир шудааст. Ғ. дар куҳҳо, ғорҳо, ҷойҳои дур аз ободӣ, биёбонҳо (Ғули биёбон ах ҳамин ҷост) маскан доштааст. Дар тасаввури мардум Ғ. ниҳоят зуру тавоно, ваҳмангез ва серпашму қадбаланд буда, ба ҳар шакл медаромадааст. …

Муфассал »

«ЯШТҲО»

avesto

«ЯШТҲО» (авестоӣ — yashti — ситоиш, ниёиш, парастиш), яке аз     бахшҳои Авесто мебошад. Калимаи яшт (йашти) бо (Ясно» (йасна) ҳаммаъност, вале фарқияте низ дорад; «Ясно» ба маънои ситоишу ниёиши умумист, «Я.» бошанд, ситоишу ниёиши эзидони ҷудогонаи зардуштияро дар бар мегиранд. «Я.» аз 21 яшт фароҳам омадаанд, ки номашон ба номи …

Муфассал »

«ЯСНО»

avesto

«ЯСНО» (авестоӣ, ситоиш, парастиш), яке аз бахшҳои Авестост. Аз 72 боб, ки онҳоро ба истилоҳи авестоӣ ва дар тоҷикӣ «ҳо», «ҳот» мегӯянд,  иборат аст. Дар бобҳои 1-8-уми Я. дуоҳо, ниёишҳо, порчаҳои ситоишӣ дар бораи Аҳура Маздо ва ёварони у (амшаспандон), фариштагони зардуштия (Суруш ва диг.) омадаанд. Бобҳои 9—11 ба ситоиши …

Муфассал »

ЯКУМИ МАЙ – иди байналхалқии меҳнаткашон

1may7

ЯКУМИ МАЙ, иди байналхалқии меҳнаткашон; рӯзи якдилии коргарони тамоми ҷаҳон, рӯзи азназаргузаронии қувваҳои меҳнаткашони ҳамаи мамлакатҳо. Конгресси 1-уми Интернационали 2 (июли 1889, Париж) ба хотири коргарони Чикаго, ки 1 май 1886 бо талаби рӯзи корӣ Вчюата корпартоӣ карда, ҳангоми намоиши осоишта аз тарафи полиция тирборон шуда буданд, қарор дод ҳар …

Муфассал »

ЯКТАҲ

yaktah-libos

ЯКТАҲ либоси сабуки тобистонаест, ки асосан мардон мепушанд. Пешкушод, дароз, гиребонаш рост ва дарози лагандашуда аст. Дар бари пеш ду камарча ё тугма ва сурохии тугмагузаронӣ дорад. Аксар аз карбос, тик, суфи сафед ва матои сабзи рахдор беастар медузанд. Я. асосан либоси куҳансолон ба шумор меравад.

Муфассал »

ЯДИ БАЙЗО

sher

ЯДИ БАЙЗО (ар. — даст ва —сафед), яке аз образҳои шеърӣ. Мувофиқи ривоятҳо Мусои пайғамбар барои исботи пайғамбарии хеш муъҷизаҳои зиёде нишон дода будааст. Яке аз муъҷизаҳояш ин буд, ки чун дасташро ба бағал мебурду берун меовард, нури сафеде аз дасташ меафтод ва ин муъҷиза бо номи Я. б. машҳур …

Муфассал »

Достони «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»

yusuf-zulayxo

«ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО» яке аз достонҳои машҳури ишқии адабиёти форс-тоҷик ва халқҳои дигари Шарқи Миёнаву Наздик. Дар он аз Юсуф — писари пайғамбар Яъқуб сухан меравад, ки бародаронаш аз ҳасад ба чоҳ андохтандаш ва ба падар куртаи ба хуни кабутар олударо нишон дода, уро бовар кунонданд, ки Юсуфро гург хурдааст. …

Муфассал »

ЮРИСТИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТОҶИКИСТОН

sys-hukuk

ЮРИСТИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ ТОҶИКИСТОН, унвони фахриест, ки ба юристони баландихтисоси дар республика ва камтар аз 15 сол дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқшиносӣ хидмати шоиста кардаанд, дода мешавад. Унвони Ю. якҷоя бо нишони сарисинагӣ (ниг. расм) бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. аз 29 янв. 1966 таъсис шуд. Ю. ба инҳо дода …

Муфассал »

ЮНОНИ ҚАДИМ

yunoni-kadim

ЮНОНИ ҚАДИМ, Эллада (юн. Hellas), номи умумии ҳудуди давлатҳои ғуломдорӣ дар ҷан. нимҷаз. Балкан, ҷаз-ҳои б. Эгей, соҳилҳои Фракия, як қисми Осиёи Хурдро гуянд. Очерки таърирхӣ. Бино ба маълумоти археологӣ одамон аз давраҳои қадим маскуни терр. Юнон буданд. Дар а-ҳои 8—6 то м. шакли алоҳидаи ташкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии …

Муфассал »

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ

АБУЛҚОСИМИ ҚУМӢ ибни Му­ҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (1740, Гелон – 1836, Қум), шоир ва донишманди эронӣ. Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, хикмат, маонӣ ва ғайра асарҳои бисёри …

Муфассал »