Маълумоти охирин

«ЯСНО»

«ЯСНО» (авестоӣ, ситоиш, парастиш), яке аз бахшҳои Авестост. Аз 72 боб, ки онҳоро ба истилоҳи авестоӣ ва дар тоҷикӣ «ҳо», «ҳот» мегӯянд,  иборат аст. Дар бобҳои 1-8-уми Я. дуоҳо, ниёишҳо, порчаҳои ситоишӣ дар бораи Аҳура Маздо ва ёварони у (амшаспандон), фариштагони зардуштия (Суруш ва диг.) омадаанд. Бобҳои 9—11 ба ситоиши Ҳаома оиданд ва аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба «Яштҳо» қаробат доранд. Дар боби 12 қонуну қоидаҳои зардуштия таъин гардида, се меъёри асосии он — «пиндори нек», «гуфторн нек», «кирдори нек» сутуда шудаанд. Бобҳои баъдина (13—27) низ дуову ниёишҳои гуногунро, ки зардуштиён ҳангоми намоз мехонданд, дар бар мегиранд. Аз ҳоти 28 «Готҳо» шуруъ мешаванд. Бобҳои 35—41 «Ясно-хаптанхаитӣ» (ҳафт боби «Ясно») ном дошта, аз ҷиҳати мазмуну матолиб ба «Готҳо» наздиканд. Боби 42 ҳамчунин ба «Готҳо» монанд аст. Дар бобҳои охирини «Я.» (52, 54—72) дуову ниёишҳо дар бораи Суруш (56 —57), оташ (62), Ардвисура Анодита (63—69) ва ғ. фароҳам омадаанд. Баъзе бобҳои ин қисми «Я.» такрори бобҳои авваланд.

«Я.»-ро ҳангоми намоз ва иҷрои дигар маросимҳои зардуштия ду мубад (Зот ва Роспӣ) бо навбати ва ба бандҳо ҷудо карда мехонданд. Аксар матолиби «Я.» динӣ, ситоиши эзидону фариштагон аст, вале баробари ин бобҳои 9—И, 12 ва ғ. аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, махсусан дар бар гирифтани устураҳои қадим, достону ривоятҳо, баъзе маълумоти этнографӣ ва ғ. аҳамияти калон доранд.

«Я.» баробари бахшҳои диг. Авесто мавриди таҳдиду баррасӣ қарор гирифта, ба забонҳои европоӣ, санскрит, гудҷаротҷ ва ғ. тарҷума шудааст. Тарҷума ва тафсири онро ба забони форсӣ Пури Довуд анҷом додаaст.

 М, Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …