ota «УСУЛ» (арабӣ ҷамъи реша, бех), 1) шакл ва таркиби аслии зарбиест дар мусиқии халқҳои Шарқ, ки бо навохтани созҳои зарбӣ (дойра, нақора, таблак ва ғайра) ба амал меоянд. «Усул» дар мусиқии классикии тоҷик дар 24 вазн (баҳр)-и маъмули силсилаи «Дувоздаҳмақом» ва 13 зарб (вазн)-и берун аз он ҳангоми иҷрои …
Муфассал »УММУЛАДВОР
УММУЛАДВОР (модари адвор), асоси таронаву оҳангҳо дар мусиқии классикист. Дар назарияи мусиқии класоикии форс-тоҷик мақоми «Рост» («Дувоздаҳмақом») -ро Уммуладвор меноманд, зеро саршавии пардаҳои аксари оҳангу таронаҳо ба ин мақом мувофиқ меомадаанд. Нигаред низ «Рост».
Муфассал »«УЗЗОЛ»
«УЗЗОЛ» шӯъбаест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Шашмақом» чун мавзӯи аслӣ дар қисми овозии мақоми «Бузург» меояд, оҳанги дилангезу фараҳбахше дорад ва дар ин ҷо «Талқини уззол» «Насри узол» ва «Уфари узол» ном гирифта бо зарбҳои 3/8, 2/4 ва 3/4 иҷро мешавад. Матни «узолҳое, ки дар «Шашмақом» амал доранд, аз …
Муфассал »УДУЛ
УДУЛ (арабӣ — аз ҳадди муайян гузаштан, таҷовуз намудан), дар илми бадеи классикӣ лафзи зиёдатиеро гӯянд, ки шоир аз рӯи зарурат ба он роҳ диҳад. Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» чанд навъи Удулро ташреҳ додааст: 1) зиёдот (афзудани ҳиҷо): Чи гӯй, ки ҳама ҳаррон чун ӯ будаст кас низо, На …
Муфассал »УД – сози мусиқӣ
УД сози қадимии мусиқист, ки бо мизроб менавозанд. Уд косаи калони мурудшакл ва дастаи кӯтоҳ дорад. Дар маъхазҳои қадимӣ уд то асри 10 ҳамчун асбоби чортораи маъмули мусиқии Шарқ тафсир шудааст. Абӯнасри Форобӣ бо мақсади меъёри овозии удро такмил додан ба вай тори панҷум (ҳодд) илова кардааст. Торҳо номи арабии …
Муфассал »УГРОПАЛАВ
УГРОПАЛАВ, як навъ таоми тоҷикист, ки аз биринҷ ва угрои хушк тайёр мекунанд. Тарзи пухтанаш ба палави муқаррарӣ монанд аст.
Муфассал »УГРО
УГРО, як навъ таоми тоҷикист, ки аз хамири орди гандум хамирош тайёр мекунанд. Хамирро ба ғафсии 4—1,5 мм боз карда, борик-борик мебуранд ва молишдода (даста дошта) мепазанд. Баъд угроро ба оби ҷӯш андохта то пухтани хамир меҷӯшонанд. Ба угро ҷурғот андохта, ба косаҳо мекашанд ва ба рӯяш кабудӣ мепошанд. Чанд …
Муфассал »УВЕРТЮРА
УВЕРТЮРА (аз франсавӣ оuvwrture — кушодан), песаи оркестрӣ, сарахбори опера, балет, драма, кинофилм ва ғайра, асари консертии мустақили оркестриест дар шакли соната. Увертюра шунавандагонро ба оғози намоиш (мазмуни асосии асар) тайёр мекунад. Дар Увертюра зиддиятҳои драмавӣ, образҳои муҳим ё хусусиятҳои умумии асар мухтасар ифода меёбад. Муқаддимаи операи К Монтеверди «Орфей» …
Муфассал »«ТӮТИНОМА»
«ТӮТИНОМА» унвони як силсила маҷмӯаҳои мансуру манзуми адабиёти форс-тоҷик аст, ки ҳикоятҳояш аз забони тӯтӣ нақл шудаанд. Маъхази он «Шукасаптати» («Ҳафтод ҳикояти тӯтӣ») ном маҷмӯаи ҳикояҳои ба забони санскрит таълифёфта мебошад. Нахустин асари дар пайравии «Тутинома»-и ҳиндӣ навишташуда «Ҷавоҳир-ул-асмор»-и Имод ибни Муҳаммади Наарӣ (асри 14) мебошад. Як силсила ҳикоятҳои он …
Муфассал »ТӮС
ТӮС қаҳрамони ҳамосаҳои халқҳои эронинажод; яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Номаш дар «Ардвисура-яшт»-и Авесто Туса омадааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Тӯс писари Нӯзар аст. Пас аз марги падараш вай мебоист ба тахт менишаст, вале барои шоҳи золим будани падараш паҳлавонони Эрон ба тахти шоҳӣ Кайқубодро нишонданд. Тӯс дар аҳди чандин шоҳ …
Муфассал »