Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 14)

Маданият ва санъат

ФАРИБУРЗ

shohnoma

ФАРИБУРЗ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Флрдавсӣ, писари Кайковус. Фирдавсӣ дар достонҳои Кайковус ва Кайхусрав баробари паҳлавонон ва сарлашкарони Эрон борҳо аз Фарибурз ёд кардааст. Ҳакгоме, ки Гев Кайхусравро аз Тӯрон ба Эрон овард, Гударзу Золу Рустам ӯро лоиқи тахти шоҳи донистанд, вале Тӯс тарафдори ба тахт нишастани Фарибурз набуд. Аз …

Муфассал »

ФАРД

sher

ФАРД (арабӣ —якка, танҳо), як навъ шеъри якбайтаи мустақилмаъноро гӯянд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти классикии форс-тоҷик аз қадимулайём маъмул буд. Дар адабиёти имрӯза низ ба назар мерасад. Дар фард як фикри томи иҷтимоӣ, ахлоқию тарбиявӣ, фалсафӣ, ишқӣ ва ғайра ба таври барҷаста, образнок ва бо хулосаҳои мантиқӣ ифода …

Муфассал »

ФАРАНГИС

shohnoma

ФАРАНГИС                 яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, духтари Афросиёб, завҷаи Сиёвуш. У мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, зани фидокору ҷасур аст. Ҳангоми азми куштани Сиёвуш кардани падараш барои раҳонидани шавҳараш аз марг кӯшиши зиёд намуд. Вале Афросиёб Сиёвушро ба қатл расонид ва амр дод Фарангисро то афтодани тифли дар шикамаш буда бизананд. Пирони …

Муфассал »

ФАР

ФАР (аз авестои — кharenang, паҳлавӣ — кhаг), фарри каёнӣ, фурӯғу шукӯҳи бузург ва нируи тавоноеро гӯянд, ки дар дини зардуштӣ Аҳурамаздо ба пайғамбар ё худ подшоҳ мебахшидааст. Онро маъмулан фарри эзидӣ ё фарри ориёӣ низ меномиданд. Дар «Корномаи Ардашери Вабакон» қайд шудааст, ки фарри эзидӣ дар пайкари гӯсфанде ҳамеша …

Муфассал »

ФАНО

ФАНО (арабӣ  — нест шудан, хомӯш шудан, мурдан), дар тасаввуф яке аз зинаҳои асосии тариқат ё мақоми пеш аз бақоро гӯянд. Аввалин бор Боязиди Бистомӣ ғояи ин таълимотро ба миён гузоштааст. Моҳияташ аз он иборат аст, ки солики роҳи тариқат, хусусиятҳои шахсӣ, аз қабили ирода, майлу рағбат ва кайфу завқро …

Муфассал »

ФАБУЛА

books

ФАБУЛА (аз лотинӣ fabulа — ривоят, ҳикоят), нақли пай дар паи воқеаҳое, ки дар асарҳои эпикӣ, лирикию эпикӣ ва гоҳо драмавӣ тасвир меёбанд. Дар адабиёти атиқа (Юнони Қадим) аввалҳо жанри хурдтарини ривоятию асотириро фабула мегуфтанд. Баъдтар баёни асарҳои саҳнавӣ фабула ном гирифт. Аксари муҳаққиқон фабуларо бо сюжет алоқаманд шуморидаанд. Баъзеҳо …

Муфассал »

«УШШОҚИ СОДИРХОН»

nota-2

«УШШОҚИ СОДИРХОН», сурудест аз силсилаи «Ушшоқ», ки онро ҳофизи тоҷик Содирхон Бобошарифов тасниф кардааст. «Ушшоқи Содирхон» ба суруди халқӣ-классикии «Шаҳнози Гулёр» монандӣ дошта, авҷаш аз «Ушшоқи Самарқанд» аст. Вале қисми овозиашро нисбат ба дигар сурудҳои ин силсила ба дараҷаи кварта баланд бардошта сар мекунанд. Матни «Ушшоқи Содирхон» ғазали Ҷомист, ки …

Муфассал »

«УШШОҚ»

nota-2

«УШШОҚ» (арабӣ ҷамъи ),1) мақоми якум дар силсилаи «Дувоздаҳмақом». 2) Шӯъбаест дар мақоми «Рост»-и «Шашмақом», ки бо номи шохаҳои «Мухаммаси Ушшоқ», «Савти Ушшоқ», «Қашқарчаи Савти Ушшоқ», «Чапандози савти Ушшоқ» «Талқини Ушшоқ», «Насри Ушшоқ», «Уфари Ушшоқ» амал карда, ҷузъиёти муқимми созию овозии «Рост»-ро ташкил медиҳад. 3) Шӯъбаест дар мақомҳои «Чаҳоргоҳ», «Рости …

Муфассал »

«УФАР»

surud-nota

«УФАР» у ф о р, 1) зарбест дар силсилаи «Дувоздаҳмақом». Мувофиқи маълумоти рисолаи мусиқии Баҳҷат-ур-руҳ»-и Абдулмуъмини Сафиуддин «Уфар» яке аз 24 зарби (вазни) маъмули «Дувоздаҳмақом» буда, одатан барои оҳангу навоҳои шӯхи муфарраҳ дар усули дойра истифода мешудааст. Таркиби вазниаш аз 5 зарб иборат буда, 2 зарби сангин (яъне бам) ва …

Муфассал »

УСУЛИ САВТИЯ

book-1

УСУЛИ САВТИЯ яке аз роҳҳои саводомӯзии қадимист. Усули савтия дар марҳалаи охирини худ усули таҳлили овозӣ ном гирифта буд. Хусусиятҳои ин усули саводомӯзӣ инҳоанд: а) ба шогирдон якчанд овозҳои нутқро меомӯзонданд, вале шакли ҳарфии онҳоро нишон намедоданд; б) аввал овоз, баъд шакли ҳарфии онро ёд медоданд; в) номи ҳарфҳо мувофиқи …

Муфассал »