Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 13)

Маданият ва санъат

«ФАРХАНГИ ИБОРАҲОИ РЕХТА»

«ФАРХАНГИ ИБОРАҲОИ РЕХТА»-и забони ҳозираи тоҷик (фарҳанги фразеологӣ), иборат аз ду ҷилд. Мураттиб М. Ф. Фозилов. Якумин фарҳанги фразеологии забони тоҷикӣ дар давраи советӣ. «Фарҳанги ибораҳои рехта» қариб 6000 воҳиди фразеологиро бо мисолҳо дар бар мегирад; сарчашма ва муаллифи мисолҳо нишон дода шудааст. Дар «Фарҳанги ибораҳои рехта» қисме аз таркибҳои …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ», нахустин фарҳанги тафсирии зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсист, ки Муллоҷон Фозилов таълиф кардааст (ҷилди 1—1975, ҷилди 2—1977). Дар ин китоб тақрибан 6 ҳазор зарбулмасал, мақол ва афоризмҳо фароҳам омадаанд, ки дар эҷодиёти намояндагони адабиёти классикии форс- тоҷик, тазкираҳо, фарҳангҳо, маҷмӯаҳои гуногун, дар …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» (аз асри X то ибтидои асри XX), фарҳанги тафсириест, ки соли 1969 ба табъ расидааст. Аз ду ҷилд (мутобиқи алифбои имрӯзаи тоҷикӣ, ҷилди 1: А — О, ҷилди 2: П — Ҷ.) иборат буда, тақрибан 45 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад. Дар «Муқаддима»-и «Фарҳанги забони …

Муфассал »

«ФАРЪИ МУХАММАС»

nota-2

«ФАРЪИ МУХАММАС» зарбост дар «Дувоздаҳмақом». Бо ин зарб гӯшаҳои мусиқии «Хиром» ва «Фарри Ҳиҷоз»-и шӯъбаи «Авҷ», мақоми «Ушшоқ»-и овозаи «Салмак» иҷро мешаванд.                         И. Раҳимов.

Муфассал »

«ФАРЁД»

surud-nota

«ФАРЁД»         яке аз сурудҳои маъмули классикии хоси «Мақомҳои Хоразм». Он дар мақомҳои «Рост» ва «Наво» мавҷуд буда, дар «Шашмақом» нест. Мақомҳои Хоразм дар асоси мақомҳои Бухоро «Шашмақом» тартиб ёфтаанд ва аз ҷиҳати сохту номгӯй ба онҳо наздикӣ доранд. Аз ин ру дар мақоми «Рост»— «Талқини Рост» ва дар мақоми «Наво» …

Муфассал »

«ФАРЪ»

nota-2

«ФАРЪ» (арабӣ — шоҳ, шохи дарахт), номи вазнест дар мусиқии классикӣ, ин дар асоси зарбҳо (авзонӣ)-и аслӣ мураттаб мешавад. Асосан хоси «Дувоздаҳмақом» аст. Масалан, аз зарби «Мухаммас» — «Фаръи Муҳаммас» ва аз оҳангҳои «Моҳур», «Рост», «Бӯсалик» ва ғайра. «Фаръи Моҳур», «Рости Фаръ», «Бӯсалики Фаръ» ва дигарро сохтаанд. «Фаръи Моҳур» аз …

Муфассал »

«ФАРФАР»

surud-nota

«ФАРФАР» оҳангест дар қисми «Мушкилот» (созӣ)-и мақоми «Ироқ»-и «Шашмақом». «Фарфар» оҳанги чорум буда, бо усули 2/4 иҷро мешавад. Вай 5 бозгӯй ва 11 хона дорад; фарқи «Фарвар» аз дигар оҳангҳо дар он аст, ки бо бозгуӣ сар шуда, дар охир бозгӯй надорад. Бо бемол (Ь) навохта мешавад. И. Раҳимов.

Муфассал »

ФАРОВЕЗ

joma

ФАРОВЕЗ, порчаи матоест, ки дар гирдогирди ҷома (даруни он) дӯзанд ва бо вай канори астарро бо канори абраи ҷома пайванд диҳанд.  

Муфассал »

ФАРИДУН

shohnoma

ФАРИДУН яке аз персонажҳои асотири қадими эронӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Аз «маълумоти китобҳои «Ригведа» ва Авесто («Обон-яшт», «Дрвасп-яшт», «Зомиёд-яшт», «Ясно» ва ғайра) бармеояд, ки қиссаву ривоятҳо оид ба Фаридун дар ҳазораи 2 то мелод вуҷуд доштаанд. Устураи Фаридун, ному насаби ӯ нисбатан пурратар дар осори паҳлавӣ (китобҳои «Бундаҳиш», «Минуи хирад» …

Муфассал »