ПРИМОРИЯ, кишвар дар ҳайати РСФСР. 20 октябри 1938 ташкил шудааст. Дар Ғарб ва Ҷануб бо Хитой ва РХДК ҳамсарҳад. Масоҳаташ 165,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 2013 ҳазор нафар (1981). Ба 24 райони маъмурӣ тақсим шуда, 9 шаҳр ва 48 птш дорад. Марказаш — шаҳри Владивосток. Примория бо ордени Ленин мукофотонида шудааст …
Муфассал »Шаҳри ПРЖЕВАЛСК
ПРЖЕВАЛСК (то 1889 ва аз 1921 то 1939 —Қарокӯл), шаҳр, маркази вилояти Иссиқкӯли РОС Қирғизистон. Дар наздикии доманаи шимоли қаторкуҳи Алатови Терскей, дар соҳили дарёи Қарокӯл воқеъ гаштааст. Аз Пржевалск то посёлкаи Пристан-Пржевалск (дар соҳили Иссиқкӯл) 12 км. Узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 51 ҳазор нафар (1978). Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ …
Муфассал »Шаҳри ПРЕТОРИЯ
ПРЕТОРИЯ (Pretoria), пойтахти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ, маркази маъмурии музофоти Трансваал. Дар ҳарду соҳили дарёи Апис ҷойгир аст. Моҳи хунуктарин — июн (қариб 10рС), гармтарин — январ (21,4°С). Боришоти солона 741 мм. Масоҳати шаҳр бо атрофаш 560 км2. Аҳолиаш 572 ҳазор нафар (1980). Претория— узели муҳими нақлиёт, маркази саноати металлургияи сиёҳи …
Муфассал »Кӯли ПРЕСПА
ПРЕСПА (Prespa), кӯлест дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан, дар Югославия, Албания ва Юнон. Дар ҳамин тектоникии байникӯҳӣ, дар баландии 853 м воқеъ аст. Масоҳаташ 285 км2, чуқуриаш то 54 м. Соҳилҳояш дар Ҷануб ва Ғарб баланди шахдор буда, дар қисмҳои боқимонда пасту ҳамвор аст. Тавассути сои обгузар (тӯлаш 1 км) …
Муфассал »Шаҳри ПРАЯ
ПРАЯ (Praia), пойтахт ва шаҳри асосии Республикаи Ҷазираҳои Димоғаи Сабз. Аҳолиаш зиёда аз 30 ҳазор нафар (1981). Узели алоқаи баҳрии трансатлантикӣ ва бандар дар соҳили ҷанубии ҷазираи Сантягу. Ба хориҷа афлесун, қанд, қаҳва ва равғани канадона мебарорад. Дар Прая моҳигирӣ тараққӣ кардааст.
Муфассал »Шаҳри ПРАГА
ПРАГА (Praha), пойтахти Республикаи Сотсиалистии Чехословакия ва Республикаи Сотсиалистии Чехия. Маркази маъмурии вилояти Чехияи Миёна. Калонтарин маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва мадании мамлакат. Дар дар ду соҳили д.арё Влтава (дар баландии 200—300 м) воқеъ аст. Иқлимаш континентии мӯътадил, ҳарорати миёнаи январ 0 °, июл 19,2°С. Боришоти солона 500 мм. Масоҳаташ …
Муфассал »Деҳаи ПРАВДА ВОСТОКА
ПРАВДА ВОСТОКА, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳқонобод, шаҳри Ҳисори Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 2 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 710 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёчаи Чангоб ва Канали Калони …
Муфассал »Деҳаи ПРАВДА (шаҳри Ҳисор)
ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқи Карамқул, pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 930 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин, касалхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз …
Муфассал »Деҳаи ПРАВДА
ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқ Қӯштеппа, pайони Ленини Тоҷикистон. Территорияи колхози «Россия». Аз Правда то маркази Совети қ.ӯишлоқ 2 км, то район 10 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2270 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, чойхона, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи ПРАВДА (ноҳияи Нуробод)
ПРАВДА, деҳаест дар Совети қишлоқи Комсомолобод, pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Территорияи совхози «50-солагии Тоҷикис-тон». Аз Правда то маркази Совети қишлоқ ва район 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 355 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва клуб дорад. Машғулияти асосии сокинони деҳа чорводорӣ ва боғдорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »