Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПРЕТОРИЯ

Шаҳри ПРЕТОРИЯ

ПРЕТОРИЯ (Pretoria), пойтахти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ, маркази маъмурии музофоти Трансва­ал. Дар ҳарду соҳили дарёи Апис ҷойгир аст. Моҳи хунуктарин — июн (қариб 10рС), гармтарин — январ (21,4°С). Боришоти солона 741 мм. Масоҳати шаҳр бо атрофаш 560 км2. Аҳолиаш 572 ҳазор нафар (1980).

pretoria

Претория— узели муҳими нақлиёт, маркази саноати металлургияи сиёҳи мамлакат (комбинати «Искор»). Инчунин корхонаҳои саноати мошинсозию коркарди металл (васли қисмҳои автомобил, истеҳсоли велосипед ва таҷҳизоти электрӣ), химия, бофандагӣ, хӯрокворӣ, тамоку, семент, шиша, полиграфия, устохонаҳои ка­лони роҳи оҳан дорад. Дар наздикии Претория заводи феррованадий сохта шудааст. Дар атрофи шаҳр конҳои алмос ва маъдани оҳан ҳастанд. Дар Претория идораҳои ҳукуматӣ (парламент дар шаҳри Кейптаун), банку ширкатҳо, 2 университет, коллеҷи техникӣ, як қатор муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва ҷамъиятҳои илмӣ, Директорати тадқиқоти хоҷагии қишлоқ, Институти Африка, Академияи фанҳо ва санъати Африкаи Ҷанубӣ, расадхона, боғи ҳайвонот, музейҳо, нигористони суратҳо, театри опера ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Преторияро соли 1855 бурҳо ҳамчун қалъа бунёд нардаанд. Шаҳр ба шарафи ходими сиёсии бурҳо — А. В. Я. Преториус (1798—1853) Претория номида шудааст. Претория аз соли 1860 пойтахти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ (номи расмии Республикаи бурҳои Трансваал) аст. Аз соли 1910—пойтахти Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ва аз 1961— пойтах­ти РАҶ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …