Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ПРИМОРИЯ

ПРИМОРИЯ

primorya

ПРИМОРИЯ, кишвар дар ҳайати РСФСР. 20 октябри 1938 ташкил шуда­аст. Дар Ғарб ва Ҷануб бо Хитой ва РХДК ҳамсарҳад. Масоҳаташ 165,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 2013 ҳазор нафар (1981). Ба 24 райони маъмурӣ тақсим шуда, 9 шаҳр ва 48 птш дорад. Марказаш — шаҳри Владивосток. Примория бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).

Табиат. Дар қисми ҷанубу Шарқи Дури Советӣ воқеъ гаштааст, онро баҳри Япон иҳота мекунад. Дар Ҷануб хатти соҳил ниҳоят каҷу килеб (дарозии хатти соҳил зиёда аз 1350 км), халиҷи калони Пётри Кабири дар ин ҷо воқеъгардида ба якчанд халиҷакҳо — Посета, Славянский, Амур, Уссури, Восток, Америка тақсим ме­шавад; дар худи ҳамин ҷо ҷазираҳои Рус, Рейнеке, Путянин, Асколд ва дигар ҷойгиранд. Қисми боқимондаи соҳил (қариб 700 км) аз димоғаи Поворотний дар Ҷануб то сарҳади кишвари Хабаровск, дар Шимом начандон пас­ту баланд; дар ин ҷо танҳо ду халиҷ— Олга ва Владимир ҷойгиранд. Қисми зиёди территорияи кишварро силсилаи кӯҳҳои Сихотэ-Алин ишғол кардаанд. Иқлимаш муссонӣ, зимистонаш кӯтоҳи хунук. Ҳарорати миёнаи январ аз —30°С дар Владивосток то —40— 45°С дар ноҳияҳои дохилӣ. Ҳарорати миёнаи январ дар ноҳияҳои назди со­ҳил —12—14°С. Тобистонаш абрнок, зуд-зуд боронгарӣ, тӯфон ба амал меояд. Боришоти солона 600—900 мм. Аксарияти дарёҳо ба ҳавзаи Амур мансубанд, дар байни онҳо Уссури бо шохобҳояш Уссуркаи Калон, Бикин, Криловка, Арсеневна ва ғайра. Як қисми дарёҳо — Самарга, Кема, Авваку­мовна, Киевка, Партизанская, Ар­тёмовна, Раздолная ва ғайра ба баҳри Япон мерезанд. Дарёҳои Илистая, Мелгуновка ба кӯли Ханка ҷорӣ мешаванд. Аксарияти ин дарёҳо макони тухмгузонии хелҳои гуногуни озодмоҳӣ мебошад. Хоки ноҳияҳои кӯҳӣ acocaн бӯри ҷалгали ва марғзорик хокистарранг, хоки водиҳои дарёҳо аллювиалӣ. 74% территорияи кишварро беша пӯшонидааст. Беша аз ҷиҳати таркиби худ ниҳоят гуногунҷинс: ҳам дарахтони сӯзанбарг ва ҳам да­рахтони паҳнбарг мерӯянд, ни бисёрии зоти дарахтон энидемикианд. Олами ҳайвонот: оҳуи холдор, гавази, хонгул, шоҳгавазн, гуроз, паланги уссурӣ, силовсин, бабр, гург, хирс, самур, саги енотмонанд, гурбаи уссурӣ, рӯбоҳ, сагобӣ, калламуш, юрмон ва ғайра. Бисёр намуди ҳайвонот шикор карда мешавад. Дар дарёву баҳр зиёда аз 100 хел моҳӣ ҳаст. Кишвар 4 мамнӯъгоҳ дорад.

primorya1

Аҳолӣ. Дар Примория acocaн русҳо, инчунин украинҳо, белорусҳо, тоторҳо, мордваҳо, чувашҳо, кореягиҳо, нанайҳо, удэгейҳо ва дигар зиндагӣ мекунанд.  Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 11,3 нафар Шаҳрҳои калон: Владивосток, Находка, Уссурийск, Ар­тём, Арсенев. Аксарияти шаҳрҳо ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ дар давраи Ҳокимияти Советӣ бунёд шудаанд.

Хоҷагӣ. Иқтисодиёти кишвар ба худ хусусияти хос индустриалӣ дорад. Хоҷагии он бештар ба саноати моҳӣ, металлургияи ранга, саноати ҷангал ва коркарди чӯб, тайёр кардани мӯина, парвариши лӯбиёи чи­нӣ тахассус пайдо кардааст. Саноа­ти мошинсозӣ ва коркарди металл, сӯзишворию энергетика, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноатҳои хи­мия, сабук ва саноати хӯрокворӣ низ роли муҳим мебозанд. Примория яке аз калонтарин районҳои саноати моҳии Шарқи Дур мебошад. Саноати моҳии он қариб 1/9 ҳиссаи маҳсулоти умумии саноатии кишварро медиҳад. Моҳиро аз баҳрҳои Шарқи Дур, аз уқёнусҳои Ором ва Ҳинд сайд мекунанд. Флотилияи китсайдкунии Шарқи Дур (асосан дар соҳилҳои Антарктида сайд мекунад) дар Примория база дорад. Соҳаҳои асосии саноати металлургияи ранга — қалъагӣ ва сурбу руҳ. Дар кишвар корхонаҳои чӯбгарӣ, чӯбу тахта, фанер, мебел, паркет, плитаҳои аз аррамайда тайёр кардашуда ва ғайра тараққӣ кардаанд. Корхонаҳои саноати мо­шинсозӣ ва коркарди металл барои саноати моҳӣ ва кӯҳкорӣ таҷҳизот, дастгоҳҳои чӯббурӣ, асбоб, қисмҳои эҳтиётӣ, мошинҳои ҷомашӯйӣ, яхдонҳои рӯзгор ва ғайра истеҳсол мекунанд. Марказҳои асосии саноати мошин­созӣ — Владивосток, Уссурийск, На­ходка. Саноати химия комбинати кӯҳи химиявии Примория ва чандин корхонаҳои дигарро дар бар мегирад. Саноати масолеҳи бинокорӣ хеле тараққӣ кардааст. Корхонаҳои  он семент, шифер, трубаҳои асбестоцъсементӣ мебароранд. Корхонаҳои саноати са­бук асосан сарулибос (Владивосток ва дигар), пойафзол (Уссурийск) ме­бароранд. Саноати хӯрокворӣ (ғайр аз саноати моҳӣ) зиёда аз 15%-и маҳсулоти умумии саноатиро истеҳсол мекунад; дар ин соҳа саҳми корхонаҳои гӯшту шир, орду ярма, равғану чарб, қаннодӣ калон мебошад. Марказҳои асосии он — Владивос­ток, Находка, Уссурийск. Кишвар зиёда аз 30% маҳсулоти умумии хоҷагии қ.ишлоқи райони иқтисодии Шарқи Дурро истеҳсол мокунад. Соли 1973 дар кишвар 182 с-х ва 37 к-з буд. Аз зироати ғалладона асосан гандум, шолӣ, ҷавдор, аз зироати тех­никӣ лӯбиёи чинӣ, картошка кишт карда мешавад.

Дар кишвар асосан чорвои гӯшту ширдеҳ парвариш карда мешаванд. Соли 1974 дар Примория (ба ҳисоби ҳазор cap) 148 гов, 375 хук, 88 бузу гӯсфанд, 3640 мурғ буд. Парвариши ҳайвоноти мӯйинадор, гавазн ва занбури асал роли муҳим мебозад. Нақлиёти роҳи оҳан аҳамияти калон дорад. Шоҳроҳи Транссибир аз территоиияи кишвар гузашта то худи Владивосток тӯл мекашад. Роли нақлиёти баҳрӣ низ бағоят бузург аст. Примория ба воситаи бандарҳои Владивосток, Находка бо Сахалин, ҷазираҳои Курил, соҳилҳои баҳри Охота, Камчатка, Чукотка алоқа дорад. Роҳи асосии автомобилгард- Хабаровск-Владивосток. Солҳои охир нақлиёти ҳавоӣ ниҳоят тараққӣ кард.

Маориф ва сохтмони маданӣ. Соли таҳсили 1914/1915 дар собиқ территорияи ҳозираи кишвар 545 мактаби маълумоти умумӣ (35 ҳазор, талаба), мак­таби миёнаи махсус (қариб 100 та­лаба) ва 1 мактаби олӣ (қариб 150 студент) буд. Соли таҳсили 1973/1974 дар 866 мактаби маълумоти умумӣ 303 ҳазор, дар 33 мактаби миёнаи махсус 34 ҳазор талаба, дар 10 мак­таби олӣ (Университети Шарқи Дур, Институти политсхникии ба номи Куйбишев, институтҳои савдои советӣ, тиббӣ, институти техникии саноати моҳӣ ва хоҷагӣ, институти технологии хизмати маишӣ, Омӯзишгоҳи олии инженерони баҳрии ба номи адмирал Г. И. Невелский, институти санъат дар Владивосток, институтҳои педагогӣ ва хоҷагии қишлоқ дар Уссурийск) 43 ҳазор студент таҳсил кард. Соли 1973 дар муассисаҳои томактабӣ 118,9 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Дар Примория (дар Владивосток) Маркази илмии Шарқи Дури АФ СССР, Институти тадқиқоти илмии хоҷагии моҳӣ ва океанографияи уқёнуси Ором, Ин­ститути тадқиқоти илмии гидрометеоро­логии Шарқи Дур ва дигар институту институтҳои тадқиқоти илмӣ воқеанд. Соли 1974 дар кишвар 763 китобхонаи оммавӣ. Музейи кишваршиносии ба номи В. К. Арсенев (филиалҳояш Музейи флоти тиҷоратӣ дар Влади­восток, Музейи таърих дар Уссурийск ва музейи таърих дар шаҳри Арсенев), Музейи хоҷагии моҳӣ, Музеи ҳарбӣ- баҳрии Флоти Байрақи Сурхдори уқёнуси Ором, Хона-музейи А. А. Фадеев дар деҳаи Чугусвка; 4 театр ва фи­лармония (Владивосток), 771 клуб, 994 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ буд. Газетаҳои кишварии «Красное зна­мя» (аз соли 1917) ва «Тихоокеанский комсомолец» (аз соли 1940) нашр ме­шаванд. Ба воситаи системаи «Ор­бита» намоишҳои Телевизиони марказӣ гирифта мешавад.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1974 дар кишвар 180 муассисаи табобатии дорои 21,9 ҳазор кат (12 кат ба 1 ҳазор нафар) буд; 5,7 ҳазор духтур (1 духтур ба 330 нафар) ба аҳоли хизмат мерасонд. Қад-қади соҳили Амур чандин курортҳо воқеъ гардидаанд. Кишвар 4 турбаза дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …