ПРИМОРИЯ, кишвар дар хайати РСФСР. 20 октябри 1938 ташкил шудааст. Дар Гарб ва Чануб бо Хитой ва РХДК хамсархад. Масохаташ 165,9 хазор км2. Ахолиаш 2013 хазор нафар (1981). Ба 24 райони маъмури таксим шуда, 9 шахр ва 48 птш дорад. Марказаш — шахри Владивосток. Примория бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).
Табиат. Дар кисми чанубу Шарки Дури Совети вокеъ гаштааст, онро бахри Япон ихота мекунад. Дар Чануб хатти сохил нихоят качу килеб (дарозии хатти сохил зиёда аз 1350 км), халичи калони Пётри Кабири дар ин чо вокеъгардида ба якчанд халичакхо — Посета, Славянский, Амур, Уссури, Восток, Америка таксим мешавад; дар худи хамин чо чазирахои Рус, Рейнеке, Путянин, Асколд ва дигар чойгиранд. Кисми бокимондаи сохил (кариб 700 км) аз димогаи Поворотний дар Чануб то сархади кишвари Хабаровск, дар Шимом начандон пасту баланд; дар ин чо танхо ду халич— Олга ва Владимир чойгиранд. Кисми зиёди территорияи кишварро силсилаи куххои Сихотэ-Алин ишгол кардаанд. Иклимаш муссони, зимистонаш кутохи хунук. Харорати миёнаи январ аз —30°С дар Владивосток то —40— 45°С дар нохияхои дохили. Харорати миёнаи январ дар нохияхои назди сохил —12—14°С. Тобистонаш абрнок, зуд-зуд боронгари, туфон ба амал меояд. Боришоти солона 600—900 мм. Аксарияти дарёхо ба хавзаи Амур мансубанд, дар байни онхо Уссури бо шохобхояш Уссуркаи Калон, Бикин, Криловка, Арсеневна ва гайра. Як кисми дарёхо — Самарга, Кема, Аввакумовна, Киевка, Партизанская, Артёмовна, Раздолная ва гайра ба бахри Япон мерезанд. Дарёхои Илистая, Мелгуновка ба кули Ханка чори мешаванд. Аксарияти ин дарёхо макони тухмгузонии хелхои гуногуни озодмохи мебошад. Хоки нохияхои кухи acocaн бури чалгали ва маргзорик хокистарранг, хоки водихои дарёхо аллювиали. 74% территорияи кишварро беша пушонидааст. Беша аз чихати таркиби худ нихоят гуногунчинс: хам дарахтони сузанбарг ва хам дарахтони пахнбарг меруянд, ни бисёрии зоти дарахтон энидемикианд. Олами хайвонот: охуи холдор, гавази, хонгул, шохгавазн, гуроз, паланги уссури, силовсин, бабр, гург, хирс, самур, саги енотмонанд, гурбаи уссури, рубох, сагоби, калламуш, юрмон ва гайра. Бисёр намуди хайвонот шикор карда мешавад. Дар дарёву бахр зиёда аз 100 хел мохи хаст. Кишвар 4 мамнуъгох дорад.
Ахоли. Дар Примория acocaн русхо, инчунин украинхо, белорусхо, тоторхо, мордвахо, чувашхо, кореягихо, нанайхо, удэгейхо ва дигар зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 11,3 нафар Шахрхои калон: Владивосток, Находка, Уссурийск, Артём, Арсенев. Аксарияти шахрхо ва посёлкахои типи шахри дар давраи Хокимияти Совети бунёд шудаанд.
Хочаги. Иктисодиёти кишвар ба худ хусусияти хос индустриали дорад. Хочагии он бештар ба саноати мохи, металлургияи ранга, саноати чангал ва коркарди чуб, тайёр кардани муина, парвариши лубиёи чини тахассус пайдо кардааст. Саноати мошинсози ва коркарди металл, сузишворию энергетика, истехсоли масолехи бинокори, саноатхои химия, сабук ва саноати хуроквори низ роли мухим мебозанд. Примория яке аз калонтарин районхои саноати мохии Шарки Дур мебошад. Саноати мохии он кариб 1/9 хиссаи махсулоти умумии саноатии кишварро медихад. Мохиро аз бахрхои Шарки Дур, аз укёнусхои Ором ва Хинд сайд мекунанд. Флотилияи китсайдкунии Шарки Дур (асосан дар сохилхои Антарктида сайд мекунад) дар Примория база дорад. Сохахои асосии саноати металлургияи ранга — калъаги ва сурбу рух. Дар кишвар корхонахои чубгари, чубу тахта, фанер, мебел, паркет, плитахои аз аррамайда тайёр кардашуда ва гайра таракки кардаанд. Корхонахои саноати мошинсози ва коркарди металл барои саноати мохи ва кухкори тачхизот, дастгоххои чуббури, асбоб, кисмхои эхтиёти, мошинхои чомашуйи, яхдонхои рузгор ва гайра истехсол мекунанд. Марказхои асосии саноати мошинсози — Владивосток, Уссурийск, Находка. Саноати химия комбинати кухи химиявии Примория ва чандин корхонахои дигарро дар бар мегирад. Саноати масолехи бинокори хеле таракки кардааст. Корхонахои он семент, шифер, трубахои асбестоцъсементи мебароранд. Корхонахои саноати сабук асосан сарулибос (Владивосток ва дигар), пойафзол (Уссурийск) мебароранд. Саноати хуроквори (гайр аз саноати мохи) зиёда аз 15%-и махсулоти умумии саноатиро истехсол мекунад; дар ин соха сахми корхонахои гушту шир, орду ярма, равгану чарб, канноди калон мебошад. Марказхои асосии он — Владивосток, Находка, Уссурийск. Кишвар зиёда аз 30% махсулоти умумии хочагии к.ишлоки райони иктисодии Шарки Дурро истехсол мокунад. Соли 1973 дар кишвар 182 с-х ва 37 к-з буд. Аз зироати галладона асосан гандум, шоли, чавдор, аз зироати техники лубиёи чини, картошка кишт карда мешавад.
Дар кишвар асосан чорвои гушту ширдех парвариш карда мешаванд. Соли 1974 дар Примория (ба хисоби хазор cap) 148 гов, 375 хук, 88 бузу гусфанд, 3640 мург буд. Парвариши хайвоноти муйинадор, гавазн ва занбури асал роли мухим мебозад. Наклиёти рохи охан ахамияти калон дорад. Шохрохи Транссибир аз территоиияи кишвар гузашта то худи Владивосток тул мекашад. Роли наклиёти бахри низ багоят бузург аст. Примория ба воситаи бандархои Владивосток, Находка бо Сахалин, чазирахои Курил, сохилхои бахри Охота, Камчатка, Чукотка алока дорад. Рохи асосии автомобилгард- Хабаровск-Владивосток. Солхои охир наклиёти хавои нихоят таракки кард.
Маориф ва сохтмони мадани. Соли тахсили 1914/1915 дар собик территорияи хозираи кишвар 545 мактаби маълумоти умуми (35 хазор, талаба), мактаби миёнаи махсус (кариб 100 талаба) ва 1 мактаби оли (кариб 150 студент) буд. Соли тахсили 1973/1974 дар 866 мактаби маълумоти умуми 303 хазор, дар 33 мактаби миёнаи махсус 34 хазор талаба, дар 10 мактаби оли (Университети Шарки Дур, Институти политсхникии ба номи Куйбишев, институтхои савдои совети, тибби, институти техникии саноати мохи ва хочаги, институти технологии хизмати маиши, Омузишгохи олии инженерони бахрии ба номи адмирал Г. И. Невелский, институти санъат дар Владивосток, институтхои педагоги ва хочагии кишлок дар Уссурийск) 43 хазор студент тахсил кард. Соли 1973 дар муассисахои томактаби 118,9 хазор кудак тарбия ёфт. Дар Примория (дар Владивосток) Маркази илмии Шарки Дури АФ СССР, Институти тадкикоти илмии хочагии мохи ва океанографияи укёнуси Ором, Институти тадкикоти илмии гидрометеорологии Шарки Дур ва дигар институту институтхои тадкикоти илми вокеанд. Соли 1974 дар кишвар 763 китобхонаи оммави. Музейи кишваршиносии ба номи В. К. Арсенев (филиалхояш Музейи флоти тичорати дар Владивосток, Музейи таърих дар Уссурийск ва музейи таърих дар шахри Арсенев), Музейи хочагии мохи, Музеи харби- бахрии Флоти Байраки Сурхдори укёнуси Ором, Хона-музейи А. А. Фадеев дар дехаи Чугусвка; 4 театр ва филармония (Владивосток), 771 клуб, 994 дастгохи кинонамоишдихи буд. Газетахои кишварии «Красное знамя» (аз соли 1917) ва «Тихоокеанский комсомолец» (аз соли 1940) нашр мешаванд. Ба воситаи системаи «Орбита» намоишхои Телевизиони маркази гирифта мешавад.
Нигахдории тандурусти. Соли 1974 дар кишвар 180 муассисаи табобатии дорои 21,9 хазор кат (12 кат ба 1 хазор нафар) буд; 5,7 хазор духтур (1 духтур ба 330 нафар) ба ахоли хизмат мерасонд. Кад-кади сохили Амур чандин курортхо вокеъ гардидаанд. Кишвар 4 турбаза дорад.