Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПРАГА

Шаҳри ПРАГА

ПРАГА (Praha), пойтахти Республикаи Сотсиалистии Чехословакия ва Республикаи Сотсиалистии Чехия. Маркази маъмурии вилояти Чехияи Ми­ёна. Калонтарин маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва мадании мамлакат. Дар дар ду соҳили д.арё Влтава (дар баландии 200—300 м) воқеъ аст. Иқлимаш континентии мӯътадил, ҳарорати миёнаи январ 0 °, июл 19,2°С. Боришоти солона 500 мм. Масоҳаташ 500 км2. Аҳолиаш 1182 ҳазор нафар (1982). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 10 район тақсим мешавад. Прага шаҳри мустақили маъмурист.

praga

Саноати шаҳр босуръат ривоҷ меёбад. Прага маркази калони мошиисозӣ ва коркарди металли мамлакат аст. Махсусан мошинсозии вазнин (истеҳсоли электромошинҳо, дизелҳо, компрессорҳо, яхдондо, дегҳои буғӣ, тепловозҳо, таҷҳизот барои конҳои маъдан, кранҳои худгард ва авто­мобили, вагонҳои трамвай ва ғайра) та­раққӣ кардааст. Инчувӯнин саноати автомобилсозӣ, самолётсозӣ, истеҳсоли мотосиклҳо, саноати электротехникӣ ва радиоэлектронӣ, истеҳсоли асбобҳои механикию оптикӣ, саноати химия, резин, полиграфӣ, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, чарму чарчипворӣ дорад.

Прага узели муҳими нақлиётии байналхалқист. Аэропорт дорад. Аз наздикии Прага нефтепроводи «Дӯстӣ» ва газопроводи Транс-Европа мегузарад. Бо ёрии техникии СССР ҳоло дар шаҳр метрополитен сохта меша­вад. Дар Прага 2 университет, Омӯзишгоҳи олии техникии Чехия, мактабҳои олии химияю технологӣ, иқтисодӣ ва хоҷагии қишлоқ, Академияи санъати мусиқӣ, Академияи санъати тасвирӣ, консер­ватория, АФ Чехословакия ва институту лабораторияҳои он, Институти муносибатҳои байналхалқӣ, Институти тадқиқоти илмии педагогика, Институти марказии геология, китобхонаҳо, музейҳо (аз ҷумла Музеи миллӣ, Нигористони миллӣ, Музеи В. И. Ленин), 26 театр мавҷуданд. Дар шаҳр ёдгориҳои меъморин асрҳои гузашта бисёранд: қалъаҳои Град ва Вишеград (асри 9), калисои ҷомеи ҳазрати Вита, (1344—1929), қасри шоҳӣ (асрҳои 12—18), қасри Швартсенберг — ҳоло музейи ҳарбию таърихӣ (1545—1563) ва ғайра. Инчунин ҳайкалҳои шахсони таърихӣ, ходимони барҷастаи давлатӣ, ансамблҳои меъморӣ (аз ҷумла қабристони ходимони намоёни Чехословакия, қабристони Аскарони Советӣ) мавҷуданд.

Дар территорияи Прага ҳанӯз аз асри 4 то мелод қабилаҳои гуногун зиндагӣ кардаанд. Аз асри 10 Прага— пойтахти давлати Чехия. Дар асри 14 яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ, сиёсӣ ва ма­дании Европа буд. Дар давраи ҷанги 30-сола (1618—1648) мавқеи Прага хеле суст шуд. Пас аз Револютсияи 1848—1849 ба яке аз шаҳрҳои муттараққӣ ва мар­казӣ даракати коргарии Чехия табдил ёфт. Моҳи январи 1912 дар Прага бо роҳбарии В. И. Ленин Конференсияи 6-уми умумироссиягии РСДРП барпо гардид. 28 октбри 1918 Чехосло­вакия республика ва Прага пойтахти он эълон карда шуд. Соли 1921 дар Прага Партияи Коммунистии Чехословакия ташкил ёфт. Дар давраи истилои фашистони немис (марти 1939- майи 1945) Прага маркази муборизаи миллию озодихоҳии Чехословакия буд. 9-уми майи 1945 Прагаро қӯшунҳои советӣ озод карданд. Соли 1947 дар Прага Фести­вали умумиҷаҳонии ҷавонон, соли 1949 Конгресси 1 умумиҷаҳонии тарафдорони сулҳ баргузор шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …