БОТКАНД, Бодканд, Баткен, шаҳр дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Қирғизистон, маркази маъмурии ноҳия ва вилояти ҳамном. Аҳолиаш 13,1 ҳазор нафар (2012). Масоҳаташ 51,8 километр2.Дар баландии 1036 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Зичии миёнаи аҳолӣ -234 нафар дар 1 километр2 .Соли 1934 ҳамчун музофоти маркази ноҳияи Ботканд таъсис ёфтааст. Аз …
Муфассал »БОТКАНД
БОТКАНД, Баткен, Бодканд, (аз бод ва қанд, яъне макони шамолу бод), вилоят дар қисми ҷанубии Киргизистон. Маркази маъмурияш – шаҳри Ботканд. 13 октябри 1999 аз вилояти Ӯш ҷудо шуда, воҳиди маъмурии мустақили Ҷумҳурии Кирғизистон эътироф шудааст. Ботканд аз 3 ноҳия (Ботканд, Қадамҷо, Лайлак) ва 4 шаҳр (Ботканд, Кизилкия, Сулукта, Ҳайдаркон) …
Муфассал »БОСФОР
БОСФОР (туркӣ Karadeniz Bogazi, юнонӣ Bosporos), гулӯгоҳи Константинопол (Қустантания) ва гулӯгоҳи камбари байни Аврупову нимҷазираи Осиёи Хурд, ки Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Мармарро бо ҳам мепайвандад. Дарозиаш 30 километр, бараш аз 0,75 то 3,7 километр, умқаш 27-120 м. Водии қадимии дарёӣ буда, дар давраи чорум (антропоген) зери баҳр мондааст. Соҳилҳои …
Муфассал »БОСТОНДЕҲ
БОСТОНДЕҲ (то 14.12.12 Уртақишлоқи Боло ва Поён), деҳа дар ҷамоати деҳоти Саразми ноҳияи Панҷакент. Аз деҳа то марказӣ ноҳия 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2610 нафар (январи 2013). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, клуб, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, тамокупарварӣ, пилапарварӣ, чорводорӣ. Заминҳо …
Муфассал »БОСТОН
БОСТОН, шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Массачусетс; яке аз марказҳои асосии саноатӣ, тиҷоратӣ-молиявӣ, илмӣ ва фарҳангии ИМА. Дар соҳили халиҷи Массачусетси Уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи дарёи Чарлз воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 625 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш зиёда аз 5,9 млн нафар, 2012). Марказӣ бузургтари¬ни нақлиётии шимоли шарқи ИМА; бандари муҳимми …
Муфассал »БОСТОН
БОСТОН, деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов (собиқ Дӯстӣ)-и шаҳри Вахдат. Аз Бостон то маркази шаҳри Вахдат 8 километр; роҳ асфаптпӯш. Аҳолиаш 1721 нафар (2012). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказӣ саломатӣ, ошхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёҳои Кофарниҳон …
Муфассал »БОСНИЯ ВА ҲЕРСЕГОВИНА
БОСНИЯ ВА ҲЕРСЕГОВИНА (Bosna I Hercegovina), Ҷумҳурии Босния ва Ҳерсоговина, давлат дар қисми ҷанубӣ шарқии Аврупо, дар нимҷазираи Балкан. Бо Хорватия, Сербия ва Черногория ҳамсарҳад аст. Дарозии хатти сарҳадаш дар хушкӣ 1459 километр. Ба Баҳри Адриатика роҳ дорад. Масоҳат 51129 километр2. Аҳолиаш 3,8 млн нафар (2012). Пойтахташ шаҳри Сараево (Сарой). …
Муфассал »БОРОНКӮЛ
БОРОНКӮЛ, деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ. Аз деҳа то маркази ноҳия 45 километр; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 629 нафар (2012). Боронкӯл мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дорад. Соҳаҳои асосии хочагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо лалмӣ.
Муфассал »БОРЖОМИ
БОРЖОМИ, шаҳр, маркази музофоти Боржомии Ҷумҳурии Гурҷистон. Дар бешазори дараи Боржомии Қафқоз, дар баландии 800-1000 м аз сатҳи баҳр, дар водии д. Кура, ба самти ҷануб-ғарби шаҳри Тбилиси (Тифлис) воқеъ аст. Аҳолиаш 14 ҳазор нафар (2010). Иқлимаш муътадили субтропикӣ буда, зимистонаш нарми камбарф (ҳарорати миёнаи январ – 2°С), тобистонаш салқин …
Муфассал »БОРДО
БОРДО, шаҳр дар қисми ҷануби ғарбии Фаронса. Маркази маъмурии департаменти Жиронда. Дар соҳили дарёи Гаронна, 97 км дуртар аз халиҷи Бискай ҷойгир аст. Аҳолиаш 285,1 ҳазор нафар (2010, бо атрофаш 750 ҳазор нафар). Маркази муҳимми нақлиётӣ, бандарҳои калони баҳриаш Пойак ва Ле-Вердон-сюр-Мер (муомилоти бор дар 1 сол 10 млн тонна). …
Муфассал »