Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 100)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

МОСКВА

kulla

МОСКВА (то 1947 — қуллаи Сидов), қуллаест дар Помири Шимолу Ғарбӣ, баландтарин нуқтаи қаторкӯҳи Пётри 1. Дар канори шарқии қаторкӯҳ, ғарбтар аз қуллаи Коммунизм воқеъ гаштааст. Баландиаш 6785 м. Қуллаи Москва. Дар нишебиҳои поёни қулла пиряхҳои Гандо, Сугрон (Сагран), Фортамбек ва ғ. мавҷуданд. 31 августи 1956 алпинистони Грузия бо роҳбарии …

Муфассал »

МОСКВА

moskva-pod

МОСКВА, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 14 январи 1929 ташкил шуда­аст. Масоҳаташ (бо ш. Москва) 47 ҳазор км.  шумораи умумии аҳолии вилоят ғайр аз ин. Москва 6410 ҳазор нафар (1979), асосан русҳо. Зичии ми­ёнаи аҳолӣ дар 1 км2 291,7 нафар; ахо­лии шаҳрӣ 72%. Ба 39 райоии маъмурӣ тақсим шуда, 70 шаҳр, …

Муфассал »

МОСКВА

moskva

МОСКВА, шаҳри қаҳрамон, пойтахти СССР ва РСФСР, маркази вилояти Москва. Маркази сиёсӣ, саноати, илмӣ ва мадании мамлакат. Дар маркази қисми Европоии СССР, дар соҳили д. Москва, байни дарёҳои Ока а Волга, дар баландии 120 м аз соҳили баҳр воқест. Аз самти Ғарб ба ҳудуди Москва як қисми баландии Теплостан (то …

Муфассал »

МООНЗУНД

moonzund

МООНЗУНД, галаҷазираи қисми ғарбии Эстония, як гурӯҳ ҷазираҳои баҳри Балтика дар назди соҳилҳои РСС Эст. Аз чор ҷазираи калон (Сааремаа, Хийумаа, Муху, Вормси) ва бештар аз 500 ҷазираи хурд иборат аст. Масоҳаташ 4000 км*. Сатҳаш асосан ҳамвор. Баландиаш то 54 м. Иқлимаш гарми мӯътадил, зимистон нарм (ҳарорати миёнаи январ —4°С), …

Муфассал »

МОНТЕРРЕЙ

monterey

МОНТЕРРЕЙ (Monterrey),шаҳрест дар шимолу шарқи Мексика, дар водии Санта-Катарина. Маркази маъмурии шт. Нузво-Леон. Маркази муҳими саноату нақлиёт ва молияи мамлакат. Узели калонтарини роҳи оҳан (баъди Мехико). Аҳолиаш 1,1 млн нафар (1976). Саноати металлургияи сиёҳ ва ранга, химия, электротехника, коркарди металл, хӯрокворӣ (махсусан пивопазӣ) тараққӣ кардааст. Корхонаҳои бофандагӣ, цемент, пахтатозакунӣ, шиша …

Муфассал »

МОНТЕВИДЕО

montevideo

МОНТЕВИДЕО (Montevideo), пойтахти Уругвай ва маркази маъмурии департаменти Монтевидео. Дар сорили чапи хал. Ла-Платаи уқёнуси Атлантик воқеъ аст. Иқлимаш субтропикӣ; ҳаpopати миёнаи январ 23° С, июль 10° С. Боришоти солона 1000 мм. Масоҳаташ 540 км2. Аҳолиаш 1,3 млн нафар (1980). Бандари асосии баҳрии мамлакат. Аэродромаш (Карраско) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Монтевидео …

Муфассал »

МОНТАНЬ-ПЕЛЕ

montan-pele

МОНТАНЬ-ПЕЛЕ (Montagne Реlе), вулқони амалкунандаест дар ҷазираи Мартиника, дар Вест-Индия. Баландиаш 1397 м. Он бо оташфишонии ҳалокатовари соли 1902 машҳур аст. Ҳангоми оташфишон ё ғубори ғализу тафсоне, ки аз хокистар ва гулӯлаю сангпораҳои вулқанӣ иборат буд, ш. Сен-Пьер ва 20 ҳазор аҳолии онро нобуд кард. Оташфишониҳои нисбатан сусти он солҳои …

Муфассал »

МОНРОВИЯ

МОНРОВИЯ (Monrovia), пойтахти Республикаи Либерия, ки дар соҳили уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи дарёи Сент-Пол воқеъ гаштааст. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳаророрати миёнаи январ 26,5° С, июль 24,4° С; боришоти солона қариб 4000 мм. Аҳолиаш 204 ҳазор нафар (1978). Калонтарин бандар ва маркази тиҷоратии мамлакат. Узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Дар …

Муфассал »

МОНРЕАЛЬ

monreal

МОНРЕАЛЬ (Montreal), шалеет дар шарқи Канада, дар музофоти Квебек. Дар соҳили дарёи ҳазрати Лаврентий ҷой гирифтааст. Монреаль дар Канада шаҳри сераҳолитарин мебошад. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 2,9 млн нафар (1981), қариб 2/з ҳиссаашфрансавиҳои канадагӣ. Монреаль— яке аз бандарҳои калонтарини зкепорти ғалла; узели калони роҳи оҳан, маркази муҳими тиҷорату молия ва …

Муфассал »

МОНБЛАН

monblan

МОНБЛАН (франс. Mont Blanc, итал. Monte Bianco), массиви кӯҳиест дар кӯҳҳои Алпи Ғарбӣ, дар сарҳади Франция, Италия ва Швейцария. Тӯлаш 50 км, баланднаш то 4807 м (нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Алӣ ва умуман Европаи Ғарбӣ). Аз гранит, гнейс ва варақсанги кристаллӣ таркиб ёфтааст. Майдони умумии пиряхҳо 277 км2. Пиряхи калонтаринаш Мер-де-Глас …

Муфассал »