Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МООНЗУНД

МООНЗУНД

moonzundМООНЗУНД, галаҷазираи қисми ғарбии Эстония, як гурӯҳ ҷазираҳои баҳри Балтика дар назди соҳилҳои РСС Эст. Аз чор ҷазираи калон (Сааремаа, Хийумаа, Муху, Вормси) ва бештар аз 500 ҷазираи хурд иборат аст. Масоҳаташ 4000 км*. Сатҳаш асосан ҳамвор. Баландиаш то 54 м. Иқлимаш гарми мӯътадил, зимистон нарм (ҳарорати миёнаи январ —4°С), тобистон нисбатан гарм (ҳapopрати мирней июль то 17* С). Боришоти солона қариб 550 мм. Қисми зиёди Ҷазираҳоро марғзору бешаҳо ва соҳилҳои регзорро бешаҳои санавбар пӯшондаанд. Кӯлҳо бисьёранд. Дар Моонзунд моҳигирӣ, деҳқонӣ ва чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Шаҳри асосиаш Кингисеии дар ҷазираи Сааремаа.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …