Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 110)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

БОЛИВИЯ

bolivia

БОЛИВИЯ (Bolivia), Ҷумҳурии Боливия (Pepublica de Bolivia); аз 20.10.2010 номи расмиаш – Давлати бисёрмиллати Боливия (испанӣ Estado Plurinacional de Bolivia), давлат дар қисмати марказии Амрикои Ҷанубӣ. Дар шимол ва ғарб бо Бразилия, дар ҷануби шарқӣ бо Парагвай, дар ғарб бо Чили ва Перу, дар ҷануб бо Аргентина ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ …

Муфассал »

БОЛДОӢ

boldoy

БОЛДОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Болдоӣ то маркази ноҳия 11 км, то вилоят 131 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 85 нафар (2013). Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаи Дараи Чинор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

deha

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 14.12.12 Ҷайратеппа), деҳа дар қисми ғарбии ҷамоати деҳоти Қаратоғи тобеи шаҳри Турсунзода. Аз деҳа то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1382 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Имоми Аъзам (собиқ Қӯшбулоқ) идома медиҳанд. Боқӣ Раҳимзода ду …

Муфассал »

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

deha

БОҚӢ РАҲИМЗОДА (то 28.02.2013 50-солагии Октябр), деҳа дар ҷамоати деҳоти ба номи Крупскаяи ноҳияи Қумсангир. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 км; роҳ ас­фалтпӯш. Аҳолиаш 1441 нафар (2013). Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, сартарошхона, ошхонаи хусусӣ, 4 нуктаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хонагӣ: …

Муфассал »

БОКУ

baku

БОКУ (Baki), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Апшерон (Обшорон) воқеъ аст. Аҳолиаш 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд). Тариқи …

Муфассал »

БОЙСУНТОҒ

kuh

БОЙСУНТОҒ, кӯҳ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Шохаи ҷануби ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Бахшгоҳи дарёҳои Сурхон ва Шеробод. Аз шимоли шарқ ба ҷануби ғарб ба масофаи 150 км тӯл кашидааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000- 3400 м, нуқтаи аз ҳама баланди он 4424 м. Бойсунтоғ аз оҳаксанг, регсанг, гил, гнейс, варақсанг, гранит ва …

Муфассал »

БОЙСУН

boysun

БОЙСУН, ноҳия (аз 29 сентябри соли 1926) ва шаҳр (аз 1975, маркази ноҳияи Бойсун) дар вилояти Сурхондарё. Масофаи Бойсун аз шаҳри Душанбе ба самти ғарбӣ 200 км, баландиаш аз сатҳи баҳр 1240 метр буда, дар самти ғарбии охири куҳи Ҳисор ҷойгир шудааст. Аз самти шимоли шарқ бо ноҳияи Сари Осиё, …

Муфассал »

БОЙМИРЗОӢ

deha

БОЙМИРЗОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Боймирзоӣ то маркази ноҳия 4 км, то вилоят 124 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 205 нафар (2012), тоҷикон. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Саримазор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашма ва дарёи Оби …

Муфассал »

БОЙҚИШЛОҚ

kishlok

БОЙҚИШЛОҚ, деҳа дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ноҳияи Турсунзода. Аз Бойқишлоқ то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2143 нафар (2013), Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, китобхона, боғчаи бачагон, нуқтаҳои савдои хусусӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, кирмакпарварӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз деҳаҳои Ширкент ва Қаратоғ обё­рӣ мешаванд.

Муфассал »

БОЗОРҚАЛЪА

bozorkala

БОЗОРҚАЛЪА, ёдгори давраи биринҷӣ дар поёноби руди Ому, мансуб ба асрҳои 15-12 то милод Бозёфтхои Бозорқалъа дар бораи бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул будани қабилаҳои маҳаллӣ маълумот медиҳанд. Дар ҳамин ноҳия бошишгоҳҳое ба Бозорқалъа монанди Ёнбош-6, Бозор-2 ва 3, Кӯкча-2 тадқиқ шудаанд. Ин ёдгориҳои маданияти Суюрғон бо номи Бозорқалъа машҳуранд. …

Муфассал »