БОРБАД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон. Аз Борбад то маркази ноҳия 48 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 440 нафар (2013). Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тариқи наҳри Шохаи Рост обёри мешаванд. …
Муфассал »БОНН
БОНН (Воnn), шаҳр дар Олмони Ғарбӣ (музофоти Рейн- Вестфалия), дар соҳили дарёи Рейн. Аҳолиаш 324899 нафар (2010; бо аҳолии шаҳрҳои Кёлн ва Леверкузен зиёда аз 3 млн нафар). Маркази нақлиётӣ, дар ҳайати системаи роҳи оҳани баландсуръати умумиаврупоӣ аст. Бандари дарёӣ ва аэропортӣ байналмилалӣ дорад. Дар асри 1 то милод дар …
Муфассал »БОНКИПУР
БОНКИПУР яке аз минтақаҳои ғарбии шаҳри Патна воқеъ дар иёлати Биҳори Ҳиндустон. Дар самти рости рӯди Ганг ҷой гирифтааст ва аз ин ҷост, ки онро шаҳри соҳили рӯд мегуянд. Бонкипур бо китобхонае, ки дар он ҷой гирифтааст ва бо номҳои «Китобхонаи Худобахш» ва «Китобхонаи Бонкипур» ёд мешавад, машҳур аст. Китобхонаи …
Муфассал »БОМИЁН
БОМИЁН, номи вилоят ва шаҳри кӯҳан дар маркази Афғонистон. Дар шимол Бомиё бо Самангон, дар ҷануб бо Ғазнӣ ва Урузгон, дар шарқ бо Бағлон, Парвон ва Вардак, дар ғарб бо Сарипул ва Ғур ҳамсарҳад аст. Дар байни доманакӯҳҳои марказии ду силсилакӯҳи бузургу машҳур – Ҳиндукушу Бобо ҳамчун минтақаи сарсабзе воқеъ …
Муфассал »БОМҒУРА
БОМҒУРА, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Вахдат. Аз Бомғура то маркази шаҳри Вахдат 17 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2071 нафар (2013). Деҳа нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Бомғура мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Амоншайхӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ …
Муфассал »БОЛШЕВИК
БОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Аз Болшевик то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1998 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминхо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд. Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ …
Муфассал »БОЛШЕВИК
БОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар. Аз Болшевик то маркази ноҳия 30 км; рох асфалтпӯш. Аҳолиаш 365 нафар (2013). Бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бирлик таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, …
Муфассал »БОЛОШАҲР
БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1824 нафар (2013), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »БОЛОШАҲР
БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: …
Муфассал »БОЛОҲИСОР
БОЛОҲИСОР, қалъаи ҷангии машҳуре дар қисми ҷанубӣ шарқии шаҳри кунунии Кобули Афғонистон. Истилоҳи Болоҳисор аз ду калима: боло – баландӣ ва ҳисор – қалъа таркиб ёфта, маънои қалъаи дар баландӣ ҷойгиршударо ифода мекунад. Мавқеияти Болоҳисор имкон дод, ки қалъа дар муқобили ҳамлаи душман мустаҳкам ва қавӣ бошад. Болоҳисор дар масири …
Муфассал »