Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОНРЕАЛЬ

МОНРЕАЛЬ

monrealМОНРЕАЛЬ (Montreal), шалеет дар шарқи Канада, дар музофоти Квебек. Дар соҳили дарёи ҳазрати Лаврентий ҷой гирифтааст. Монреаль дар Канада шаҳри сераҳолитарин мебошад. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 2,9 млн нафар (1981), қариб 2/з ҳиссаашфрансавиҳои канадагӣ.

Монреаль— яке аз бандарҳои калонтарини зкепорти ғалла; узели калони роҳи оҳан, маркази муҳими тиҷорату молия ва саноатн мамлакат. Корхонаҳои шаҳр қариб */з ҳиссаи маҳсулоти умумии саноати Канадаро медиҳанд. Соҳаҳои муҳими саноат: хӯрокворӣ, бофандагӣ, киштисозӣ, мошинсозӣ (вагону самолётсозӣ ва ғ.), коркарди металл, истеҳсоли маҳсулоти нефт, металлургияи ранга, химия, мебел. 3 yниверситет, Китобхонаи оммавӣ, Музеи санъати нафиса дорад. Ёдгориҳои меъмории машҳураш: калисои Бонсекур (1657), семинарияи Сен-Сюльпис (1680), қасри Рамзе (1705—24), бинои Университети Монреаль (1925—42), марказҳои тиҷорат ва маданият (I960). Монреаль дар арафаи Намоишгоҳи умумиҷаҳонии соли 1967 боз ҳам ободу зеботар гардид.

Монреальро соли 1642 франсавиёни муҳоҷир бунёд кардаанд, ки номи аввалини он Виль-Мари-де-Монреаль буд. Дар нимаи аввали асри 18 ба маркази муҳими тиҷорат табдил ёфт. Соли 1760 онро англисҳо забт карданд. Солҳои 1844—49 М. пойтахти мустамликаи Англия дар Канада буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …