Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 197)

Илм

Объективизм

0

Объективизм, усули омӯзиши воқеият, ки даъвои «бетарафӣ» до­рад ва худдорӣ кардан аз муҳокимаи илмию танқидӣ дар бораи мақому мақсади масъалаҳои аҳамияти идеологӣ дошта, махсусан хулосаҳои назариявӣ ва партиявӣ (нигаред Партиявият) модияти он аст. Объективизм даъвои объективияти донишро дош­та бошад ҳам, дар асл донишро на танҳо маҳдуду танг месозад, балки доираи …

Муфассал »

Обчакорӣ

0

Обчакорӣ, соҳаи растанипарварй, парвариши растаниҳои полизӣ (тарбуз, харбуза, каду ва ғайра). Нигаред Растаниҳои полизӣ.

Муфассал »

Обхона

0

Обхона 1) мустароҳ, мабраз, халоҷо; 2) хонаи сернам; 3) яке аз ҳабсхонаҳои аморати Бухоро; зиндони дарунии роҳрави арки Бухоро, ки бинои ниҳоят сернами торик ва бадбӯй буд. Аз бандиёни ба онҷо партофташуда (хусусан шахсони дар натиҷаи ҷазои сахт маҷрӯҳ ва ярадоршуда) ниҳоят каме ҷон ба саломат мебурданд. Адабиёт: Айнӣ Садриддин, …

Муфассал »

Обсидиан

0

Обсидиан (лотинӣ Obsidianus la­pis — санги Обсидии; гӯё ин сангро дар Эфиопия бори аввал Обсидии ном шахс кашф кардааст), шишаи вулқонӣ, ҷинси кӯҳии шишамонанд. Рангаш сиёҳ, сиёҳи сурхтоб ва ғайра. Сахтиаш 5; зичиаш 2500—2600 килограмм/метр3, қариб 0,5%* об дорад. Дар натиҷаи шах шуда мондани лаваи часпаки липаритии турш ё липаритдаситӣ …

Муфассал »

Обон

0

Обон номи моҳи ҳаштуми со­ли шамсӣ, ки ба 23 октябр— 21 ноябр рост меояд.

Муфассал »

Обираҳмат

0

Обираҳмат, мағораест дар давраи палеолит. Дар 100 километр шимоли шарқи Тошкент, дар қаторкӯҳи Кӯксу, боло­тар аз истироҳатгоҳи Обираҳмат ва посёлкаи Бурчимулло дар баландии 1250 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Солҳои 1964—65 бостоншиноси ӯзбек Р. X. Сулаймонов тадқиқ намуд. Дар Обираҳмат 21 қабати таҳшини ғорӣ дар чуқурии 10 метр ошкор …

Муфассал »

Обила

0

Обила 1) гунбадаи об, куббачаи об, ҳубоб. 2) Об гирифтан ё варам кардани пӯст аз сӯхтан ё суда шудан ва фишор. Масалан, обилаи пой аз бисьёр роҳ гаштан ва ё фишори пойафзоли танг пайдо мешавад. 3) Нағзак, чечак. 4) Табхол, доначае, ки аз таб ё тарс дар лаб мебарояд.

Муфассал »

Обикиик

0

Обикиик, қароргоҳест дар давраи мезолит, мансуби ҳазораи 8—7 то милод. Соли 1948 А. П. Окладников кашф ва соли 1964 бостоншинос В. А. Ранов тадқиқ намуд. Қароргоҳ байни дараи Даҳана ва водии Обикиик дар суфачаи 10—12 метр баландтар аз водӣ воқеъ аст. Як тарафи суфача ба адири қаторкӯҳи Даҳана мерасад. Қисми …

Муфассал »

Оби вазнин

0

Оби вазнин, HDO, D,0, пайвасти изотоии гидроген, дейтерий (D) бо оксигенро гӯянд. Оби вазнинро аввалин бор олимони америкоӣ Г. Юри ва Э. Ф. Осборн с. 1932 дар таркиои оби табиӣ кашф ва соли 1933 Г. Н. Люис ва Р. Макдоналд аз он ҷудо кар­данд. Таносуби D ва Г!-и обҳои гуногун …

Муфассал »

Оберон

0

Оберон, радифи сайёраи Уран. Диаметраш ба 1460 километр, масофаи миёна аз маркази сайёра то оберон ба 537 ҳазор километр баробар аст. Соли 1787 В. Гершел кашф кард. Ҳамвории мадори Оберон ба ҳамвории мадори Уран тақрибан амудист.

Муфассал »