Маълумоти охирин
Главная / Илм / Обираҳмат

Обираҳмат

Обираҳмат, мағораест дар давраи палеолит. Дар 100 километр шимоли шарқи Тошкент, дар қаторкӯҳи Кӯксу, боло­тар аз истироҳатгоҳи Обираҳмат ва посёлкаи Бурчимулло дар баландии 1250 метр аз соҳили баҳр воқеъ аст. Солҳои 1964—65 бостоншиноси ӯзбек Р. X. Сулаймонов тадқиқ намуд. Дар Обираҳмат 21 қабати таҳшини ғорӣ дар чуқурии 10 метр ошкор гардид. Дар ин қабатҳо 50 ҳазор сол пеш одамони давраи палеолит зиндагӣ кардаанд. Ба ғайр аз олоти сангӣ инчунин устухони ҳайвонот низ ёфт шудааст.

Дар байни онҳо бештар устухони бузи кӯҳӣ, холгул, қисман суғур, гуроз, ҷайра ба назар мерасад. Устухони ҳайвони нодир — шери ғорӣ низ ёфт шудааст. Аз Обираҳмат 30 ҳазор олати сангӣ ба даст омадааст. Ба ақидаи Р. X. Сулаймонов тарзи истеҳсоли олоти сангин мағора дав- раи ба палеолити боло гузаштанро инъикос менамояд.

Аз ҷиҳати таърихӣ ва маданӣ осори Обираҳмат маданияти махаллӣ буда, дар натиҷаи инкишофи мустақилона, бе тағйироти ҷиддӣ дар техникаи истеҳсоли олот ба палеолити боло гузаштааст. Дар мағораи Обираҳмат тарзи истеҳсоли олоти ба­рои Осиёи Миёна хоси маданияти мусте ба назар мерасад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …