МУФРАДОТ (арабӣ – ҷамъи— якка, танҳо), усули таълими хат дар мактабҳои тореволютсионӣ. Муфрадот—навишти алоҳидаи ҳуруфоти арабӣ, махсусан настаълиқ ва насх дар вақти машқ. Аз рӯи қоидаи махсус ҳарфҳоро бо нуқта чоп мекунанд. Ҳар ҳарф сиёҳмашқ дорад. Ҳарфҳоро ба рӯи коғаз навишта, баъд сиёҳ мекунанд. Мувофиқан ба таълими хатти настаълиқ (расмулхат) …
Муфассал »МУФОРИҚОТ
МУФОРИҚОТ, муфорақот (арабӣ ҷамъи cJjli» — ҷудоӣ аз ҳамдигар), дар фалсафаи асримиёнагии Шарқ ҷавоҳири ақлӣ ва нафсиро гӯянд, ки аз модда ҷудо буда, дараҷаҳои гуногун дорад. Моҳияти ашё, ки дарёфтаи ақл аст, ба Муфориқот дохил мешавад. Нафси нотиқаи инсониро Муфориқоти сифлия ва ақлҳои фалакиро Муфориқоти улвия гуфтаанд. Лафзҳои куллиро низ …
Муфассал »МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ
МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ (аз арабӣ муттасил ва-ҷудошуда), категорияҳои фалсафианд, ки сохти материя ва рафти инкишофи онро тавсиф мекунанд. Муттасилӣ дар ягонагӣ, алоқамандӣ ва вобастагии мутақобили унсурҳои ин ё он система зоҳир мешавад. Дар ҷараёни инкишоф муттасилӣ имконияти аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани объектро нишон медиҳад. Мунфасилӣ сохт ва …
Муфассал »МУТАСИЯ
МУТАСИЯ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбӣ, ивазшавӣ), тағйирёбии структураи ирсии материяи зинда, ки шомил ва ноқили ахбори генетикӣ аст. Тамоми шаклҳои ҳаёт — аз вирусу микроорганизмҳо cap карда, то набототу ҳайвонот ва одам қобили Мутасия мебошанд. Организмҳои дар натиҷаи Мутасия тағйирёфта мутант ном доранд. Воҳиди Мутасия мутов (элементи майдатарини ген) …
Муфассал »МУТАНОСИБӢ
МУТАНОСИБӢ (аз арабӣ дорои таносуб, созу муносиб), соддатарин шакли вобастагии функсионалист. Мутаносибӣ роста ва чаппа мешавад. Агар нисбати ду бузургии тағйирёбанда бетағйир монад, яъне ҳангоми чанд карат каму зиёд шудани яке аз онхо нисбати дигар низ ҳамон қадар каму зиёд шавад, чунин бузургиҳоро Мутаносиби роста меноманд. Мутаносиби бузургиҳои х ва …
Муфассал »МУТАГЕНЕЗ
МУТАГЕНЕЗ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбй ва …генез), просесси тағ-йирёбии ирсӣ — мутасияро гӯянд, ни аз таъсири шароитҳои табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ мутагенҳо ба вуҷуд меояд. Асоси Мутагенезро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин тағйирёбӣ чун …
Муфассал »МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович
МУСХЕЛИШВИЛИ Николай Иванович (16. 2. 1891, Тбилиси —15. 7. 1976, ҳамон ҷо), математик ва механики советӣ, академик (1939; аъзо-корреспондент 1933) ва аъзои Президиуми Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (аз 1957); академик (1941), президент (1941—72) ва президенти фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон (1972-76), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945). …
Муфассал »МУСУЛМОНҚУЛОВ Раҳим
МУСУЛМОНҚУЛОВ Раҳим (таваллуд 21. 1. 1938, деҳаи Ебузи pайони Қубодиён), адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1980). Аз оилаи деҳқон. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1962. Лаборанти калони кафедраи забони арабӣ (1963) , аспирант (1963—66), муал-лими кафедраи адабиёти советии тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (1967—79) буд. Аз соли 1980 мудири ҳамин …
Муфассал »МУСТАҚИМОВ Рашид Галяутдинович
МУСТАҚИМОВ Рашид Галяутдинович (таваллуд 10. 10. 1924, pайони Шестополски Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тотористон), ветеринар-клинисист, доктори илмҳои ветеринарӣ (1969), аъзо-корреспондент ВАСХНИЛ (1970), профессор (1972J. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Мустақимов соли 1951 Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кард. Солҳои 1951—53 ветеринар (pайони Самарқанд), 1954—57 аспиранти Ака-демияи ветеринарии Москва, 1958— …
Муфассал »МУСТАФИН Габидеи
МУСТАФИН Габидеи (таваллуд 26. 11. 1902, уезди Оқмулло, ҳозира райони Телмани вилояти Қарағанда), нависандаи советӣ ва ҳодими ҷамъиятии қазоқ., аъзо-корреспондент Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (1958). Аз оилаи кӯчманчӣ. Аъзои Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1940. Дар конҳои ангишти Карағанда кор кардааст. Асарҳояш аз соли 1927 чоп …
Муфассал »