МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Самарқанд), ҳуқуқшиноси форс-тоҷик. Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумотҳо каманд. Сарчашмаҳои дастрас хабар медиҳанд, ки давраи бачагии Муҳаммад дар Самарқанд гузаштааст. Сипас дар Бухоро таҳсил мекунад. Аксар илмҳои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машҳур мегардад ва ҳамчун яке аз намояндагони …
Муфассал »МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ
МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва донишманди асри 16 форс-тоҷик. Писари хушнависи машҳур Миралии Ҳиравӣ. Санъати хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Муҳаммад Боқирӣ илмҳои маъмули давр, хусусан, калом ва ҳикматро хеле мукаммал медонистааст. Муҳаммад Боқирӣ аввал дар Ҳиндустон, дар дарбори Хонихонон хидмат кард. Баъдҳо ба дарбори Ҳумоюнподшоҳ …
Муфассал »МУҲАММАД
МУҲАММАД (тақрибан 570, Макка— 8. в. 632, Мадина), воиз (ташвиқотчии дин) ва ходими сиёсӣ, муассиси ислом. Аввалин тарҷумаи ҳоли Муҳаммад нимаи дуюми асри 8 аз тарафи Ибни Исҳоқ («Ҳаёти расули худо») тартиб дода шудааст. Муҳаммад ба авлоди ашрофи бенавошудаи Банӣ Ҳошим (аз қабилаи Қурайш) мансуб буда, барвақт ятим мондааст. Муҳаммад …
Муфассал »МУҚОИСА
МУҚОИСА дар математика, таносуби ададҳои бутуни а ва b-ро гӯянд, ки ба адади бутуни додашудаи т (модули М.) тақсим шудани фарқи ин ададҳо (b-а)-ро ифода мекунад; чунин навишта мешавад: а=b (mod m). Мас., 2=8 (mod 3), зеро 2—8 ба Э тақсим мешавад. Муқоиса дорои хосиятҳои зиёдест, ки ба хосиятҳои баробарӣ …
Муфассал »МУҚОИСА
МУҚОИСА, м у қ о и с а ( қиёскунӣ, андозагирӣ), қиёси объектҳо бо мақсади зоҳир намудани монандӣ ва фарқияти онҳо. Муқоиса заминаи муҳими таъмим аст. Барои хулосабарории қиёсӣ аҳамияти хос дорад. Ҳукму қазияҳое, ки зимни Муқоиса бар меоянд, ифодаи мазмуни мафҳумҳоеанд оид ба объектҳои муқоисашаванда. Аз ин ҷиҳат Муқоиса …
Муфассал »МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ
МУҚОВИМАТИ ЭЛЕКТРӢ (аз арабӣ ва электр), 1) бузургиест, ки муқобилияти занҷири электрӣ ё як қисми онро ба ҷараёни электрӣ тавсиф медиҳад. Воҳидаш Ом. Муқовимати электрӣ дар натиҷаи ба дигар шакл гузаштан ё табдил ёфтани энергияи электрӣ ба вуҷуд меояд; дар сурати табдили барногарди энергияи электрӣ (асосан ба энергияи гармӣ) Муқовимати …
Муфассал »МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ
МУҚОВИМАТИ МАГНИТӢ (аз арабӣ ва магнит), муарриф (характеристика)-и занҷири магнитиро гӯянд. Муқовимати магнитӣ Rm ба нисбати қувваи магнитҳаракатдиҳанда (F), ки дар занҷири магнитӣ амал мекунад, бар сели магнитии дар занҷир бавучудомада (Ф) баробар аст. Муқовимати магнитии қитъаи якҷинсаи занҷири магнитиро бо формулаи Rm = = S муайян кардан мумкин аст, …
Муфассал »МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ
МУҚОВИМАТИ ГИДРОДИНАМИКӢ (аз арабӣ ва гидродинамика), аксуттаъсирест, ки моеъ ба ҳаракати ҷисми дарунии он мерасонад ва муқобилатест, ки деворҳои гулбаву каналҳо ба ҳаракати моеъ нишон медиҳанд. Дар сурати андаруни сели моеъ (газ) будани ҷисми сокин ва ё, баръакс, ҳангоми дар муҳити сокии ҳаракат кардани ҷисм Муқовимати гидродинамикӣ ба про-ексияи вектори …
Муфассал »МУҚОВИМАТИ АЭРОДИНАМИКӢ
МУҚОВИМАТИ АЭРОДИНАМИКӢ (аз арабӣ — истодагарӣ ва аэродинамика), муқовимати пешона, қувваи аэродинамикиеро гӯянд, ки бо он газ (масалан, ҳаво) ба ҷисми дар муҳити вай ҳаракаткунанда таъсир мерасонад. Ин қувва ба тарафе, ки ба самти суръат муқобил аст, равон мешавад ва зимнан аз ҷузъҳои таркибии қувваи аэродинамикист. Аз ин pӯ, донистани …
Муфассал »МУҚОБАЛА
МУҚОБАЛА (арабӣ— рӯбарӯшавӣ), 1) дар астрономия, вазъе, ки дар он тӯлҳои эклиптикии сайёра ва офтоб 180° фарқ доранд. Муқобала танҳо барои сайёраҳои беруна хос аст. Нигаред Конфигурасияи сайёраҳо. 2) Дар истилоҳи кӯҳна як қисми илми ҷабр (алгебра), нигаред Алҷабр ва-л-муқобала.
Муфассал »