МОМРОЗ (Carpinus), ҷинси дарахтҳои хазонрез, баъзан бутта аз оилаи Corylaceae. Танаи Момроз пӯстлохи суфтаи хокистарӣ ва шоху барги зич дорад. Баргҳояш пай дар пай сода, гулҳояш ҷудоҷинсаи якхонагӣ мебошанд. Меваи Момроз чормағзаки яктухма буда, лифофаи баргшакл дорад. Қариб 50 намуди Момроз дар Европа, Осиёи Шарқӣ ва Америкаи Шимолӣ мерӯяд. Дар …
Муфассал »МОМОИ
МОМОИ, акушерӣ, қобилагӣ, як содаи тибро гӯянд, ки процессҳои дар организми зан дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд рӯйдиҳандаро меомӯзад. Момо ба занҳо (дар вақти ҳомилагӣ, таваллуд ва баъди таваллуд) ва кӯдакон (дар рӯзҳои аввали ҳаёти дохилибатнӣ ва баъди таваллуд) ёрии амалии тиббӣ мерасонад, инчунин занҳоро аз ҳомилагӣ огоҳ …
Муфассал »МОМОГУЛИҲО
МОМОГУЛИҲО (Campanulaceae), оилаи гиёҳ, баъзан бутта ё дарахтони дупалла. Момогулиҳо асосан барги пандам ё рӯ ба рӯ ҷойгирифта, хӯшагули сарак ё тухмшакл, гули дуҷинсаи актиноморфӣ, баъзан каме зигоморфӣ, тоҷгули пайвастбарги зангӯла ё кифшакл, ғураки сертухммуғчаи 2—10-палла ва ғӯза, ғуҷуммева доранд. Момогулиҳо 70 ҷинс ва 2 ҳазор намуд доранд. Аксари онҳо …
Муфассал »МОМЕНТИ ҚУВВА
МОМЕНТИ ҚУВВА, бузургии механикиест, ки таъсироти берунаро ба ҷисм (ё ба системаи ҷисмҳо) тавсиф медиҳад ва тағйирёбии ҳаракати чархзании ҷисмро муайян мекунад. Моменти қувва с-бат ба марказ (нуқта)-и О (расм) — бузургии вектории М аст, ки ба ҳосили зарби радиусвектори (г) аз марказ О ба нуқтаи гузориши қувва гузарондашуда ва …
Муфассал »МОМЕНТИ МИҚДОРИ ҲАРАКАТ
МОМЕНТИ МИҚДОРИ ҲАРАКАТ, моменти импулс, моменти кинетикӣ, аз меъёрҳои ҳаракати механикии нуқтаи материалӣ ё система буда, махсусан ҳангоми омӯхтани ҳаракати чархзанӣ аҳамияти калон дорад. Моменти миқдори ҳаракати нуқтаи материалӣ нисбат ба маркази (нуқта)-и О ба ҳосили зарби вектории радиусвекторӣ ба ин нуқта аз марказ О гузароидашуда г ва вектори импулси …
Муфассал »МОМЕНТИ МАГНИТӢ
МОМЕНТИ МАГНИТӢ, бузургии асосиест, ки хосиятҳои магнитии ҷисмро тавсиф медиҳад. 1) Моменти магнитьии атомҳову молекулаҳоро ҳаракати фазоӣ («мадорӣ»)-и электронҳо, Моменти магнитьии сипнии электронҳо, ҳаракати чархзании малекулаҳо ва инчунин Моменти магнитьии ядроҳои атомҳо ба вуҷуд меоранд. 2) Моменти магнитьии ҷисм ба суммаи векторин моментҳои магнитии ҳамаи зарраҳои ҷисмро ташкилдиҳанда баробар аст. …
Муфассал »МОМЕНТИ ИНЕРЦИЯ
МОМЕНТИ ИНЕРЦИЯ, бузургиест, ки тақсимоти массаро дар ҷисм муайян мекунад ва дар баробари масса меъёри инертнокии ҷисм (ҳангоми ҳаракати ғайрипешравандаи он) мебошад. Дар механика Моменти инерцияи тарз ва Моменти инерцияи марказшитобро фарқ мекнанд. Моменти инерцияи тирии ҷисм нисбат ба тири 1 бузургиест, ки аз баробарии муайян карда мешавад (т{ — …
Муфассал »МОМЕНТ
МОМЕНТ (лот. momentum — қувваи таҳрика, такон, ибтидои ҳаракат, аз moveo — ҳаракат медиҳам), мафҳуми математикиест, ки дар механика ва назарияи эҳтимолият мақоми муҳим дорад. Агар системаи нуқтаҳои материалии массаашон т., mj, ,..(п»# > 0) дар хати рост ҷой гирифта бошад ва абсциссаҳо нисбат ба ягон нуқтаи сарҳисоб О мувофиқан …
Муфассал »МОЛЬЕР
МОЛЬЕР (МоЫге) (таваллуд; ном ва фамимилия Жав Батист Поклей; 15. 1622, Париж — 17. 2. 1(573, ҳамон ҷо), драматурги франсавӣ. Коллежи Клермовро тамом кардааст (1639). Соли 1643 дар Париж «Театри бошукӯҳ»-ро ташкил дод. Солҳои 1645—58 бо гурӯҳи актёрони масхарабоз ба музофотҳои Франция сафар кард. Мазҳакаҳои аввалини Молер—«Беакл» (1655) ва «Гама …
Муфассал »МОЛЬ
МОЛЬ, воҳиди микдори модда дар химия; ҳафтумин воҳиди асосии Системаи байвалхалқии воҳидҳо (аз соли1971). Мол аз ҷиҳати бузургӣ ба массаи бо граммҳо ифодаёфтаи вазни молекулавӣ баробар аст. Агар массаи модда бо килограммҳо ифода ёфта бошад, он гоҳ истилоҳи киломоль (1 киломоль = 103 моль)-ро истифода мебаранд. Мол барои тартиб додани …
Муфассал »