Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОМЕНТ

МОМЕНТ

momentМОМЕНТ (лот. momentum — қувваи таҳрика, такон, ибтидои ҳаракат, аз moveo — ҳаракат медиҳам), мафҳуми математикиест, ки дар механика ва назарияи эҳтимолият мақоми муҳим дорад. Агар системаи нуқтаҳои материалии массаашон т., mj, ,..(п»# > 0) дар хати рост ҷой гирифта бошад ва абсциссаҳо нисбат ба ягон нуқтаи сарҳисоб О мувофиқан ба Х|, х2, … баробар бошанд, ҷамъи моменти тартиби к-уми ин система нисбат ба нуқтаи о меноманд. Момбасаи тартиби якум дар механика Момбасаи статикӣ, Момбасаи тартиби дуюм моменти инерция номида мешавад. Агар дар ифодаи Момбаса ҳамаи абсциссаҳо бо қиматҳои мутлақашон гирифта шаванд, Момбасаи мутлақ ҳосил мешавад. Нуқтаи абсциссааш (2*^) (Um*) маркази массаҳои системаи додашуда ном дорад. Момбасаи нисбат ба марказ ҳисоб кардашударо Момбасаи марказӣ меноманд. Барои ҳар гуна система Момбасаи марказии тартиби якум ба сафр баробар аст.

Дар назарияи эҳтимолият ба сифати абсциссаҳо қиматҳои гуногуни имконпазири бузургии тасодуфӣ ва ба сифати масса эҳтимолиятҳои мувофиқи аз қиматҳоро қабул мекунанд. Момбасаи тартиби якум, ки дар ин ҳолат ҳамеша абсциссаи маркази масса мебошад (зеро массаи пурра ба 1 баробар аст), интизорияти материкии ин бузургии тасодуфӣ ва Момбасаи марказии тартаби дуюм дисверсияи он номида мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …