МОРФОЛОГИЯИ ОДАМ, 1) таълимотест дар бораи сохти бадани одам дар ҷараёни инкишоф ва фаъолияти ҳаёти он; анатомия, эмбриология ва гистологияи одамро дар бар мегирад. 2) Як фасли антропология аст, ки хусусиятҳои аъзои бадани одамро вобаста ба ҷинсу син, нажоду ҷои истиқомат, қаду баст ва касбу кор меомӯзад. Методҳои тадқиқоти морфологӣ …
Муфассал »МОРФОЛОГИЯ
МОРФОЛОГИЯ (аз юн. morphe — намуд. шакл, сохт ва …логия)% як ҷузъи системаи забони табиист, ки тарзи сохта шудан, дарки маънои шаклҳои калимаҳои забонро таъмин менамояд; як қисми забоншиносӣ (грамматика) мебошад, ки ин ҷузъи системаи забонро меомӯзад. Морфогенез ҳамчун илм аз ду фасл иборат аст: 1) фасли омӯзиши калимасозӣ, 2) …
Муфассал »МОРФИН
МОРФИН, алкалоид, воситаи табобатӣ аз гурӯҳи доруҳои рафъкунандаи дард. Дар амалияи тиб асосан гидрохлориди он чун воситаи табобатӣ (бо тавсияи духтур) ҳангоми ҷароҳат ва бемориҳои гуногуне, ки дардашон бисьёр сахт аст, инчунин барои ба ҷарроҳӣ тайёр намудани беморон ва баъди ҷарроҳӣ, баъзан дар вақти танг шудани нафас истифода мешавад. Ҳангоми …
Муфассал »МОРТУК
МОРТУК (Егешоруrum), як ҷинси растаниро гӯянд, ки ба оилаи хӯшаиҳо мансуб аст. Мортук гиёҳи яксолаест, ки пояи каҷбарги паҳн ва хӯшагули кӯтоҳ дорад. Бештари хӯшачаҳо 3—6 гул доранд. 8 намуди Мортук аз баҳри Миёназамин то Ҳиндустон паҳн шудааст. Дар СССР (аз ҷумла дар Тоҷикистон) 5 намудаш (Е. orientalе, Е. buonapartis, …
Муфассал »МОРОЧНИК Самуил Борисович
МОРОЧНИК Самуил Борисович (таваллуд 1. 12. 1909, Одесса —15. 1.1981, Душанбе), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа (1970; профессор 1971), Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон. (1980). Аъзои КПСС аз соли 1940. Соли 1933 Институти давлатии педагогии Одессаро хатм намудааст. Солҳои 1933—41 муаллими Университети Одесса, 1941 инститии педагогии Астрахань. Аз охири соли …
Муфассал »МОРОЗЁНКО Николай Константинович
МОРОЗЁНКО Николай Константинович (1902 — 5. 8. 1967, Ленинград), геологи советӣ, доктори илмҳои геологияю минералогия (1949). Соли 1932 Институти кӯҳкории Ленинградро хатм намуд. Ӯ дар давоми 30 сол дар Олтой, Помир ва Тоҷикистони Марказӣ тадқиқот бурдааст. Солҳои 1941—45 роҳбари экспедицияи ҷустучӯи булури кӯҳӣ дар Помир буд. Аз соли 1946 ходими …
Муфассал »MOPMOҲӢ
MOPMOҲӢ (Misgurnus), як ҷинси моҳиро гӯянд, ки ба оилаи мормоҳиҳо мансуб аст. Танаш (дарозиаш 30 см) бо пулакчаҳои майда пӯшида шудааст. Дар гирди даҳонаш 10 мӯйлабча дорад. Якчанд намудаш дар Европа, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ зиндагӣ мекунад. Дар СССР 2 намудаш— Мормоҳӣ fossilis (ниг. расм) дар дарьёҳои Прибалтика, Ҳавзаҳои баҳри …
Муфассал »МОРИОН
МОРИОН (нем. Morion; аз лот. mormorion — кристалли тираранг), як навъи кварц, ранги кристаллҳояш тираи дудмонанд, қариб сиёҳ. Ҳангоми то 250—300° С тафсонидан беранг мешавад. Мори чипор берангро дар техника ҳамчун кристаллҳои кварц истифода мебаранд. Морион дар рагҳои гидротермалӣ, пегматитҳои гранити ва грейзенҳо вомехӯрад. Конҳои он дар Урал, Украина. Забанкалия …
Муфассал »МОРИ ЧИПОР
МОРИ ЧИПОР (Coluber), як ҷинси морро гӯянд, ки ба оилаи Colubridae мансуб аст. Дар Европаи Ғарбӣ, Осиё, Африкаи Шимолӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ ва Марказӣ қариб 30 намудаш зиндагӣ мекунад. Дар СССР 7 намуди он дар қисми ҷануби Европа Қрим ва қисми асосии Кавказ), Осиёи Миёна ва Қазоқистон маскун шудааст. …
Муфассал »МОРИ ПЕЧОН
МОРИ ПЕЧОН (Boidae), як оилаи хазандаҳои безаҳрро гӯянд, ки ба қатори морҳо мансуб аст. Дарозиаш аз 5 см то 11 м. Мушакҳои танааш хеле пурқувват, гавҳараки чашмаш амудӣ. Аксари М. П; ду шуш дорад. Устухони кос ва пойҳои қафояш чун узви рудиментй (узвҳое, ки дар процесси инкишофи таърихӣ функцияи худро …
Муфассал »